Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Чин 37 ҳазор мақомдор барои суиистифодаи молиявӣ муҷозот шуд


Раҳбари Чин Си Ҷинпин
Раҳбари Чин Си Ҷинпин

Ҳизби Коммунистии Чин 37 ҳазор корманди давлатро барои нақзи қонуни сарфакорӣ муҷозот кард. Дар ин бора нашрияи The Guardian рӯзи 31 июл хабар дод.

Биноба маълумоти нашрия, ин иттиҳом ба сурати умум ҷоизаҳои молии бидуни иҷозат ва истифодаи нақлиёти хидматӣ барои корҳои шахсиро дар бар мегирад. Дар баробари ин, кормандони давлатӣ пули давлатро барои рафтан ба тарабхонаҳо сарф кардаанд.

The Guardian мегӯяд, ки қонуни сарфакорӣ соли 2012, баъди ба қудрат расидани раҳбари акнунии Чин -Сӣ Ҷинпин қабул шуд. Қонун аз 8 банд иборат буда, кормандони давлатро ба мубориза алайҳи исрофкорӣ даъват мекунад.

Ба гуфтаи Оҷонсии зиддифасоди Чин, танҳо дар соли 2012 беш аз 1,5 миллион корманди давлат, бо шумули аъзои садорати Ҳизби Коммунист ба ҷавобгарӣ кашида шуданд.

XS
SM
MD
LG