Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар низои байни муҳоҷирони қирғизу узбек як нафар кушта шуд


Дар майдони сохтмони биное дар яке аз кӯчаҳои Маскав, рӯзи 30 июл дар байни муҳоҷирони кории Қирғизистон ва Узбекистон задухурд сурат гиритфт. Дар ин бора сафорати Қирғизистон дар Русия хабар дод.

Ба маълумоти сафорат, дар ҷараёни занозанӣ як муҳоҷири корӣ аз Қирғизистон ба ҳалокат расид. Биноба маълумоти ибтидоӣ, сабаби ҳалокати ӯ афтодан аз баландӣ номбар мешавад.

Бахши минтақавии Кумитаи тафтишоти Русия дар ноҳияи Кузминский ҳодисаи кушта шудани шаҳрванди Қирғизистонро бозҷӯӣ мекунад. Иштирокдорони задухӯрд - чор шаҳрванди Қирғизистон ва беш аз 10 шаҳрванди Узбекистон боздошт ва бозпурсӣ мешаванд.

Интизор меравад, ки ҷасади ин муҳоҷири корӣ рӯзи 31 июл ба Қирғизистон интиқол ёбад.

XS
SM
MD
LG