Пайвандҳои дастрасӣ

Трамп омодааст бо Рӯҳонӣ "бе шарти пешакӣ" мулоқот кунад


Доналд Трамп

Президенти ИМА Доналд Трамп барои мулоқоти бидуни пешшарт бо президенти Эрон Ҳасан Рӯҳонӣ ва баррасии роҳҳои беҳтар кардани равобит изҳори омодагӣ кард. "Ман бо ҳар касе зарур бошад мулоқот мекунам, ман ба мулоқотҳо эътимод дорам",- гуфт Трамп рӯзи душанбе дар нишасти матбуотӣ бо нахуствазири Италия.

Трамп ба суоле, ки барои мулоқот бо Рӯҳонӣ ягон пешшарт мегузорад, гуфт, ки "ҳеҷ пешшарте нест. Агар онҳо мулоқот мехоҳанд, ман розиам, ҳар вақт, ки мехоҳанд мулоқот кунам". Трамп афзуд, ки "ин барои кишвар, барои онҳо, барои мо ва тамоми ҷаҳон муфид хоҳад буд".

Эрон пешниҳоди Трампро дарҳол рад накард, зеро Теҳрон аз президенти ИМА дар бораи музокирот оиди созиши ҳастаӣ аз соли 2015, ки Трамп моҳи май аз он хориҷ шуд, пешниҳод гирифта буд. Мушовири аршади Рӯҳонӣ Ҳамид Оналебӣ рӯзи 31 июл дар Твиттер бозгашти ИМА ба созиши ҳастаиро аз шартҳои мулоқот номид.

"Эҳтироми ҳуқуқи мардуми Эрон, коҳиши амалҳои низомӣ ва бозгашт ба созишномаи ҳастаӣ - инҳо қадамҳоеянд, ки барои ҳамвор кардани роҳи музокироти байни Амрико ва Эрон бояд бардошта шаванд". Сарфи назар аз таҳдидҳои ҳарду тараф, Трамп дар ҳафтаҳои ахир борҳо пешниҳоди музокироти мустақим дар байни Вашингтон ва Теҳронро матраҳ кардааст.

Видеоҳои охирин

Роҳгузарон: ТВ-и Тоҷикистон таъриф мекунад, аз мушкилот намегӯяд
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:51 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG