Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қазоқистон 8 зиндонро мебандад ва $34 млн сарфа мекунад


Қазоқистон барои сарфаҷӯи 8 зиндонро мебандад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:04 0:00

Қазоқистон 8 зиндонро мебандад

Дар Қазоқистон тасмим доранд, ҳашт маҳбасро банданд ва солона наздики 34 миллион доллар сарфаҷӯӣ кунанд.

Аммо ихтисори бахши ислоҳӣ на ба мушкили буҷа, балки ба ҳукми иҷро даромадани қонун дар бораи башардӯстона сохтани қонунгузории бахши ҷиноӣ ва мурофиаи ҷиноии он кишвар рабт дорад. Ин тағйирот аз 31 июл қуваи қонунӣ кмегирад.

Тағйирот панҷ ҳазор зиндонӣ - асосан онҳоеро, ки ҷиноятҳои иқтисодӣ ва коррупсионӣ анҷом дода, то 80 дарсади зарарро ҷуброн кардаанд - фаро мегирад.

"Касе онҳоро озод намекунад: тасмим шуд, ки онҳо дар сурати пардохти зарар ба маҳбасҳои сукунатӣ интиқол меёбанд ва боқимондаи ҷазоро онҷо адо мекунанд", - гуфт муовини додситони кулли Қазоқистон Марат Ахметҷонов.

Дар қонуни нави инсондӯстона сохтани сиёсати ҷиноӣ гуфта шудааст, ки дар Қазоқистон танҳо онҳое дар зиндон нигаҳ дошта мешаванд, ки барои ҷомеа хатар доранд. Ҳамаи афроди дигар бояд барои ҷомеа фоида биоранд, шарҳ доданд дар додситонии кулл. Барои мисол - ба корҳои ҷамъиятӣ машғул шаванд. Барои амалисозии тағйироти мазкур бештар аз 1000 одам ба кор ҷалб мешаванд.

Барои ҷиноятҳои коррупсионӣ бар асоси тағйироти нав, ҷарима ва дар баъзе ҳолат ҷазои ғайри ҳабсӣ татбиқ карда мешавад.

XS
SM
MD
LG