Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

МТС барои зиёни баробар ба $750 млн Туркманистонро ба додгоҳ мекашонад


Логои MTC
Логои MTC

Ширкати МТС ба Маркази байналмилалӣ дар умури танзими баҳсҳои сармоягузории назди Бонки ҷаҳонӣ бар зидди Туркманистон шикоят бурд. Дар ин бора расонаҳо бо такя ба ширкати мазкур хабар доданд.

Ширкати МТС мегӯяд, дар пайи баста шудани намояндагиаш дар Туркманистон бино бар ҳисобҳои пешакӣ, то 750 миллион доллар зиён дидааст. Ширкати МТС Русия бар ин назар аст, ки мақомоти Туркманистон ҳуқуқҳои он ба сармоягузории хориҷиро поймол кардаанд.

МТС хабар медиҳад, ки талош кард, баҳсро бо роҳи гуфтугӯ ҳал кунад ва ним сол пештар мақомоти Туркманистонро дар бораи ба додгоҳ шикоят бурдан огоҳ карда буд.

"Мутаассифона, ихтилофи мо рафъ нашуд, бино бар ин МТС ба додгоҳ шикоят мебарад ва ҳуқуқҳои қонунии худро ҳифз мекунад", - омадааст дар баргаи хабарии ширкат.

Фаъолияти МТС дар Туркманистон баъди он қатъ шуд, ки ин кишвар созишномаи ҳамкорӣ ва иҷозатномаи фаъолиятро тамдид накард. Дар охири семоҳаи дувуми соли 2017 МТС дар Туркманистон 1,7 миллион муштарӣ дошт.

XS
SM
MD
LG