Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси ҷумҳури собиқи Арманистонро дастгир карданд


Роберт Кочариён
Роберт Кочариён

Мақомоти интизомӣ Роберт Кочариён, раиси ҷумҳури собиқи Арманистонро барои саркӯби маргбори тазоҳуроти мухолифон дар соли 2008 дастгир кардаанд.

Додгоҳи ноҳиявии Ереван амр дод, ки Роберт Кочариён то замони таҳқиқи парвандаи тазоҳурот, ки дар ҷараёни он 10 нафар, аз ҷумла ду афсари пулис кушта шуданд, дар боздоштгоҳ бимонад. Парвандаро Кумитаи махсуси тафтишотӣ таҳқиқ мекунад.

Ҳукумати нави Арманистон ба раҳбарии Никол Пашиниён, ки гуфтааст, фасодро дар кишвараш решакан мекунад, ҳарчӣ бештар мақомоти собиқи ҳукуматиро ба ҷавобгарии ҷиноӣ мекашад.

Роберт Кочариён боздошти худро дорои ангезаҳои сиёсӣ номидааст. Вакилонаш гуфтанд, ки аз амри боздошт ба додгоҳи болоӣ шикоят мекунанд. Тазоҳуроти хушунатомез дар Арманистон моҳи марти соли 2008 баъди интихоботи раёсати ҷумҳурӣ сурат гирифт.

XS
SM
MD
LG