Намояндаи Котиби давлатии Амрико дар умури Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Элис Уеллс, бо намояндагони ҷумбиши тундрави Толибон дар Қатар мулоқот кард,- гуфт нашрияи The Wall Street Journl рӯзи 25 июл бо такя ба манбаҳояш.
Ба гуфтаи нашрия, дар мулоқот эҳтимоли гуфтушуниди байни Толибон ва Кобул баррасӣ шуд. Гуфта мешавад, ки мулоқоти Уэллс бо намояндагони Тобибон хусусияти ғайрирасмӣ дошт.
Ҳамсӯҳбатҳои нашрия мегӯянд, ки музокироти Толибон бо мақомоти Афғонистон эҳтимол то чанд моҳи дигар оғоз мешавад.
Департаменти давлатии ИМА ҷой доштани чунин мулоқотро тасдиқ накард. Ин ниҳод мегӯяд, ки гуфтушуниди ояндаи Афғонистонро ҳукумат ва Толибон пеш мебаранд.
Баъди хуруҷи бахши умдаи нерӯҳои НАТО аз Афғонистон, дар соли 2015, низои дохилӣ авҷ гирифт. Ҷангиёни тундрави Толибон пайваста ба низомиёни афғон ва амрикоӣ ҳамла мекунанд. Пентагон борҳо гуфтааст, ки Русия бо баҳонаи мубориза алайҳи гурӯҳи тундрави "Давлати Исломӣ" ба Толибон кӯмак мекунад. Вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров ин иттҳомотро "беасос" номидааст.