Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА се шаҳрванди Қазоқистонро ба "пулшӯӣ" айбдор кард


Ню Йорк
Ню Йорк

Дар ИМА се шаҳрванди Қазоқистонро ба "қаллобӣ ва пулшӯӣ" айбдор мекунанд. Вазорати молияи ИМА рӯзи 24 июл бо нашри як иттилоия гуфт, ки шаҳрвандони Қазоқистон 23, 27 ва 48 сол доранд.

Дар иттилоияи вазорат ному насаби гумонбарон низ оварда шудааст. Дар доираи парвандаи мазкур зидди 22 нафари дигар - шаҳрвандони Озарбойҷон, Гурҷистон, Латвия, Туркия, Украина ва ИМА низ айб эълон шудааст.

Ин афрод дар шабакаҳо огаҳиҳои дурӯғи фурӯши мошинро нашр ва муштариёнро фиреб карда, пули онҳоро ба воситаи ширкатҳои сохта ба хориҷи ИМА интиқол медоданд.

Нақшаи мазкур аз моҳи ноябри соли 2016 то моҳи июли соли 2018 амал кардааст. Онҳо ҷамъан муштариёни худро ба маблағи чор миллион доллар фиреб додаанд.

Дар сурати исботи ҷурм, ба онҳо аз 20 то 30 соли зиндон таҳдид мекунад.

XS
SM
MD
LG