Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия қонун "Дар бораи забонҳои модарӣ"-ро қабул кард


Бинои Думаи давлатӣ
Бинои Думаи давлатӣ

Думаи давлатии Русия 25 июл лоиҳаи қонуни омӯзиши забонҳои модариро дар қироати севум қабул кард. 388 вакил аз он ҷонибдорӣ карда, танҳо се нафар мухолиф овоз доданд.

Қонун омӯзиши забони русиро ҳамчун забони модарӣ ва забонҳои давлатии ҷумҳуриҳои Федератсияи Русияро дар асоси аризаи волидон (намояндагони қонунӣ)-и ноболиғон пешбинӣ мекунад.

Дума пешниҳоди коршиносони Тотористонро дар ин бобат ба инобат нагирифт. Акнун барои он ки кӯдакон забони тоториро омӯзанд, волидон ба монанди пешин бояд ариза нависанд.

Муроҷиатномаи гуруҳи ташаббускор "Барои ҳифзи забонҳои модарӣ дар қисми ҳатмии барномаи таълимии таҳсилоти умумӣ" дар саҳифаи Change.org баъд аз он нашр шуд, ки лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба қонуни маориф 10 апрел ба Думаи давлатӣ пешниҳод шуд.

Муаллифони муроҷиатнома аз президенти Русия Владимир Путин дархост карданд, ки омӯзиши ҳатмии забонҳои модарӣ дар мактабҳо бекор карда нашавад.

Ба гуфтаи фаъолон, лоиҳаи қонуни мазкур асосҳои бунёдии муносибатҳои эҳтиромонаро миёни миллатҳо халалдор карда, ҳифзи забонҳои мардуми Русияро зери хатар мегузорад.

Дума 19 июн лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба қонуни маорифро дар қироати аввал қабул кард, ки бар пояи он, омӯзиши забонҳои давлатии ҷумҳуриҳои Русия "ихтиёрӣ" хоҳад буд.

XS
SM
MD
LG