Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумори қурбониҳои сухтор дар Юнон ба 79 нафар расид


Юнон . Ҷангалҳо дар коми оташ
Юнон . Ҷангалҳо дар коми оташ

Теъдоди қурбониҳои сухтор дар Юнон рӯзи чоршанбе ба 79 нафар расид. Дар ин бора хадамоти маҳаллии наҷот хабар дод. Пештар аз ин шумори ҳалокшудаҳо 74 нафар гуфта мешуд. Наздик ба 200 нафар маҷруҳ ва 100 нафар гумном шудаанд. Дар Юнон мотами серӯза эълон карданд.

Оташсӯзиҳо, ки аз рӯзи душанбе оғоз шуд, бо ин ҳудуди бузург дар даҳсолаи ахир бенамуна будааст. Дар чанд минтақаи Юнон ҳолати фавқулодда эълон шуд. Калонтарин манбаи сӯхтор ноҳияи истироҳатии Мати, воқеъ дар канораҳои Афина, унвон мешавад, ки дар он ҷасади 26 нафарро пайдо карданд.

Мақомот барои хомӯш кардани сӯхтор гурӯҳҳои наҷот ва низомиёнро ҷалб карданд. Юнон барои мубориза бо оташ аз ҷомеъаи байналмилалӣ кумак хост. Бинобар боди шадид, корҳои ҷустуҷӯӣ ба мушкил рӯ ба рӯ шудааст. Сабаби оташсӯзии густарда хушксол, гармои шадид ва набуди борон дар моҳҳои ахир номбар мешавад.

XS
SM
MD
LG