Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фаъоли Femen Оксана Шачко дар Париж худкушӣ кард


Оксана Шачко
Оксана Шачко

Фаъоли ҷумбиши Femen-и Украина Оксана Шачко дар шаҳри Париж худкушӣ кард. Ин маълумотро бунёдгузори ҷумбиш Анна Гутсол дар сӯҳбат бо Бахши Украинии Радиои Озодӣ тасдиқ намуд.

"То ҷойе ман медонам, ӯ мегуфт, зиндагиаш на ба он самте рафт, ки мехост", - гуфт Гутсол ва афзуд, ки вақтҳои ахир ӯ бо Шачко зиёд дар тамос набуд. Қаблан дар бораи марги фаъоли Femen Telegram-канали Paris Burns хабар дод. Баъдан Александр Шевченко, дӯсти Шачко, дар ин бора бо Би-Би-си сӯҳбат кард.

Шевченко гуфт, дар номаи пеш аз марг Шачко навишт, ки "Ҳамаи шумо - як тақаллубед".

Сабаби худкушии фаъоли Femen маълум нест, аммо канали Paris Burns менависад, ки ӯ қаблан ҳам барои куштани худ иқдом карда буд.

Ҷумбиши Femen соли 2008 таъсис ёфт ва бо фаъолиятҳои ҳимоят аз ҳуқуқи занҳо, эътроз алайҳи суиистифодаи ҷинсии занҳо, ҳам дар қаламрави Украина ва ҳам дар кишварҳои дигар шӯҳрат пайдо кард. Фаъолони ин ҷумбиш ҳангоми эътироз маъмулан бо синаҳои боз ба майдон мебароянд.

XS
SM
MD
LG