Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳмат Оқилов боқии умрашро дар зиндони Шветсия сипарӣ мекунад


Террористи узбектабор ҳангоми боздошт дар Шведсия

Зодаи Узбекистон Раҳмат Оқилов, ки бо ҷурми ҳамлаи террористӣ дар Стокҳолм ба ҳабси абад маҳкум шуд, боқии умрашро дар зиндони Кумла сипарӣ мекунад.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бар ин назаранд, ки Оқилов мумкин аст, фирор кунад, ба ин далел ӯро дар зиндони низомаш сангини Шветсия ҷойгир карданд.

Ӯ ҳамчунин аз муошират бо зиндониёни дигар маҳрум мешавад, зеро эҳтимол дорад, ки дидгоҳҳояшро ба дигарон таҳмил кунад, менависанд расонаҳои маҳаллӣ.

Раҳмат Оқилов дар додгоҳ ҷурми ҳамлаи террористиро, ки 7 апрели соли 2017 дар шаҳри Стокҳолм, пойтахти Шведсия анҷом дод, эътироф кард. Ӯ гуфт, ки мошини боркашро дуздида, дар маркази Стокҳолм анбуҳи одамонро пахш кард.

Додгоҳ собит кард, ки Оқилов аъзои гурӯҳи даҳшатафкани "Давлати Исломӣ аст" ва худи ӯ дар додгоҳ гуфт, ки аз кардааш пушаймон нест.

Моҳи июн додгоҳи Стокҳолм Оқиловро дар марги панҷ тан ва талоши куштори 119 тани дигар муҷрим эълон кард.

Видеоҳои охирин

Ахбори Озодӣ аз 22-уми октябри соли 2018
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:15:00 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG