Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳаҷми нафақа дар Тоҷикистон 15% зиёд мешавад


Аз моҳи сентябри соли равон ҳаҷми нафақаҳо дар Тоҷикистон 15 фоиз зиёд мешавад. Дар ин бора Назокат Одиназода, муовини аввали раиси Оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа рӯзи 24-уми июл дар ҳузури хабарнигорон хабар дод. Ӯ гуфт, тибқи дастури раисҷумҳур аз 1-уми сентябр тамоми намуди нафақаҳо дар кишвар 15 дарсад зиёд мешаванд.

Ба қавли хонум Одиназода, дар ин замина тамоми чораҳо андешида шудаанд. Муовини аввали раиси Оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа афзуд феълан аз 257 то 368 сомониро ташкил медиҳад. Теъдоди нафақахӯрон феълан дар Тоҷикистон беш аз 679 ҳазор будааст.

XS
SM
MD
LG