Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мария Бутина бо мақомҳои баландпояи Вашингтон дар тамос буд


Мария Бутина
Мария Бутина

Мария Бутина, ки дар ИМА бо гумони "агенти Русия" будан боздошт шудааст, аз ончӣ қаблан интизор мерафт, бо мақомҳои баландпоя дар Вашингтон равобити густарда доштааст. Ӯ соли 2015 дар мулоқоти як мақоми даъватшудаи Русия бо ду раҳбари баландпояи ИМА ширкат кард.

Хабаргузории Reuters рӯзи 22 июл гуфт, ки сухан аз боби раҳбари пешини сохтори захираҳои федеролӣ Стенли Фишер ва муовини вазири молия Натан Шитс аст.

Бутина моҳи апрели соли 2015 ҳамроҳ бо Александр Торшин, ки он вақт муовини раиси Бонки миллии Русия буд, ба ИМА рафт. Дар мулоқот бо Фишер ва Шитс равобити иқтисодии Русия ва Амрико дар замони раҳбарии президенти пешин Барак Обама матраҳ шуд.

Ин мулоқотҳо, ки қаблан дар бораашон маълумоте набуд, аз талошҳои Мария Бутина барои роҳ ёфтан ба доираи густардаи мақомдорони баландпояи ИМА гувоҳӣ медиҳад.

XS
SM
MD
LG