Пайвандҳои дастрасӣ

Испания "шарики ҷиноӣ"-и додситони пешини Узбекистонро истирдод мекунад


Алишер Ҳодиев

Додгоҳи шаҳри Мадриди Испания рӯзи 17 июн ҳукми истирдоди Алишер Ҳодиев ба Узбекистонро содир кард. Ҳодиев тҳати пайгарди байналмилалӣ қарор дошт. Додгоҳ гуфт, айбҳои нисбати Ҳодиев эълоншуда ангезаи сиёсӣ надоранд ва сирф иқтисодӣ ҳастанд.

Ба ҷуз ин, дар қарори додгоҳ омадааст, ки ҷомеаъи ҷаҳонӣ ба ислоҳоти шуруъкардаи Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон, дар умури ҳуқуқи инсон баҳои баланд медиҳад. Додгоҳ гуфт, Алишер Ҳодиев натавонист собит кунад, ки дар сурати истирдодаш дар Узбекистон шиканҷа хоҳад шуд.

Ҳоло вакилони дифои Ҳодиев талош доранд, ба зинаҳои болоии додгоҳ шикоят баранд ва аз истирдоди у ба Узбекистон пешгирӣ кунанд. Вакили дифоъ гуфт, бмақомоти Узбекистон ба наздикони Ҳодиев фишор овардаанд.

Алишер Ҳодиеви 39-сола рӯзи 10 марти соли ҷорӣ дар Барселона боздошт шуд. Додситонии кулли Узбекистон Ҳодиевро дар тамаъҷӯӣ, қаллобӣ ва пулшӯӣ айбдор мекунад. Ин айбҳо нисбати Ҳодиев дар доираи парвандаи додситони кулли пешин Рашид Қодиров эълон шудаанд. Қодиров 22 феврали соли ҷорӣ боздошт шуд.

Видеоҳои охирин

Маҳаллаи "муаллақ" дар Душанбе
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:03:53 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG