Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дан Котс, гуфт, ҳадафаш масхараи Доналд Трамп набуд


Director of National Intelligence Dan Coats speaks at the Aspen Security Forum

Дан Котс, мудири Хадамоти Иттилооти Амрико мегӯяд, посухи ӯ дар робита ба суол дар бораи сафари қарибулвуқӯи Владимир Путин ба Амрико ҳеҷ беэҳтиромӣ ба раиси ҷумҳур Доналд Трамп набуд.

Дан Котс рӯзи 21-уми июл дар ин бора баёнияи вижае нашр кард ва баъд аз онки расонаҳои Амрико гуфтанд, Доналд Трамп аз гуфтӯгуи ӯ дар як форуми амниятӣ дар шаҳри Колорадо ба хашм омадааст. Расонаҳои гуфтанд, ки ҳангоми посух ба суол дар Пажӯҳишгоҳи Аспен, Дан Котс хандида ва раиси ҷумҳурро масхара кардааст.

Вале Дан Котс дар ин баёния гуфт, “Баъзе аз расонаҳо ҳадафҳои маро ҳангоми гуфтӯгуи мустақим нодуруст шарҳ додаанд. Ҳадафи посухи дар воқеъ хоми ман ҳеҷ беэҳтиромӣ ва интиқоди раиси ҷумҳур набуд.”

Дар баёнияи мудири Хадамоти Иттилоотии Амрико омадааст, ки “Ҳадафи ман ва тамоми хадамоти иттилоотӣ таъмини раиси ҷумҳур бо иттилооти комил ва кӯмак кардан ба ӯ барои ҷилавгирӣ аз талошҳои Русия барои дахолат ба интихоботи мост.

Дар мусоҳибаи телевизионӣ, Дан Котси 75-сола гуфт, намехост, ки Доналд Трамп бо Владимир Путин мулоқоти як ба як дошта бошад. Ҳангоми мусоҳиба вақте хабарнигори телевизиони MSNBC гуфт, ки Кохи Сафед Владимир Путинро ба Амрико даъват кардааст, Дан Коатс, хандид ва ба хабарнигор шӯхиомез гуфт, “Дубора бигӯед, магар ман шуморо шунидам”. Баъди нафаси амиқ, ӯ гуфт, пас ин “сафари хос хоҳад буд.“

Видеоҳои охирин

Сафири Иттиҳоди Аврупо аз Тоҷикистон меравад - Гуфтугӯ бо Бишчевич
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:06:13 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG