Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тимсоҳҳои Тоҷикистон то 8 метр дароз будаанд


Ин тимсоҳ дар Тоҷикистон аст, вале барои фурӯш ва дар мағоза
Ин тимсоҳ дар Тоҷикистон аст, вале барои фурӯш ва дар мағоза

Донишмандони рус ва амрикоӣ баъди таҳқиқи як синфи тимсоҳон, ки 80 то 90 миллион сол пеш дар Тоҷикистон зиндагӣ мекарданд, барои он номи хос гузоштанд ва ба номи деҳаи Консой, ки дар шаҳри Гулистон дар вилояти Суғд ҷойгир аст.

Ба ин синфи тимсоҳон, ки то 8 метр ҳам бузург мешудаанд, номи «Консойзух» ном гузоштаанд. Иван Кузмин, пажӯҳишгари ҷавон аз Донишгоҳи давлатии Санкт Петербурги Русия, аз муаллифони асосии таҳқиқоти ҷонварони нобудшуда дар Тоҷикистон дар ин мақола навиштааст, ки «Тимсоҳҳо дар Тоҷикистон мисли тимсоҳҳои маъмулӣ зиндагӣ мекарданд, дар хушкӣ гарм мешуданд, вале ҷойи зиндагиашон обҳои гарм буд. Дарозии бадани онҳо аз 4 то ба 5 метр мерасид, вале баъзе аз онҳо ҷуссаи бисёр азиме доштаанд ва то ба 8 метр мерасиданд.»

Синфи тимсоҳон дар Тоҷикистонро, ки аз хонаводаҳои дигари ин ҷонварон дар Африқову Амрико фарқ мекунанд, бо таҳқиқи садҳо устухоне маълум кардаанд, ки аз замони шӯравӣ дар Пажуҳишгоҳи Палеонтологии Академияи Улуми Русия ва Институти Зоология ҳамин академия нигаҳ дошта мешаванд.

Ба гуфтаи донишмандон, дар 80 то 90 миллион сол пеш қаламрави Тоҷикистон ҳам ҷангалзори гарми тропикӣ буд. Дар таҳқиқи синфи то ба ҳол ноошнои тимсоҳон, Ҳанс Дитер Сюс, паленотологи шинохта аз Осорхонаи Смисониан дар Вашингтон ширкат кардааст. Дар таҳқиқ омадааст, донишмандон то кунун мисли косахонаи тимсоҳе, ки дар Тоҷикистон ёфтаанд, дар ягон гӯшаи курраи Замин пайдо накардаанд.

Павел Скучас, яке аз муаллифони дигари таҳқиқот гуфтааст, ки пайдо кардани синфи ноошнои тимсоҳон ба илм барои таҳқиқи эволютсия ва ё таҳаввулу ташаккули тимсоҳон ва «хеш будани онҳо» бисёр муҳим аст.

XS
SM
MD
LG