Пайвандҳои дастрасӣ

Модару се фарзандашро бо кӯмаки Радиои Озодӣ пайдо карданд


Шодигул Давлатова

Корбарони саҳифаи Радиои Озодӣ дар Фейсбук кӯмак карданд, то мақомоти интизомӣ, як модари тоҷикро бо се фарзанди хурдсолаш пайдо карда ба назди хешовандонашон баргардонанд.

Радиои Озодӣ рӯзи 19-уми июл хабари бедарак шудани Шодигул Давлатоваи 28-сола аз ҷамоати Роҳатиро нашр кард, ки баъди моҷаро бо шавҳараш бомдоди 12-уми июл ду духтару писари худро гирифта, хонаро тарк кардааст.

Як ҳафтаи ҷустӯҷуи хешовандон ва мақомоти интизомӣ натиҷа надод. Баъди нашри ин хабар дар вебсайт ва ҳамчунин дар саҳифаи Радиои Озодӣ дар Фейсбук, як корбаре бо номи Лалаҷон Акрамов навишт, ки Шодигул Давлатоваро бо се фарзандаш дар дохили мошини Тангем дар ноҳияи Ҳисор дидааст.

Баъди онки Радиои Озодӣ ин шарҳро ба хешовандони Шодигул Давлатова, расонд, онҳо мақомоти милисаи ноҳияи Рӯдакиро аз ин хабар огаҳ кардаанд.

Назира Икромова, хоҳари Шодигул Давлатова рӯзи 21-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, ки баъди ин хабар, мақомоти милиса ба ноҳияи Ҳисор рафтанд ва Шодигулро бо фарзандонаш аз хонаи пиразане пайдо кардаанд. Ба қавли Назира Икромова Шодигул як утоқи ин занро иҷора гирифта ва онҷо зиндагӣ мекардааст.

Ба гуфтаи ӯ, мақомоти милиса Шодигул Давлатоваро барои ташхис ба шифохонаи Қарияи боло овардаанд ва сипас сиҳату саломат ба дасти хешовандонашон супурдаанд. Мақомот ба зану шавҳар гуфтаанд, ки бо ҳам муросо кунанд, то чунин ҳодисаҳо дигар пеш наояд.

Видеоҳои охирин

Хонуме ширкати таксиро бо истифодаи аксаш дар реклама муттаҳам мекунад
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:26 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG