Дар чанд ҷумла
Дейвид Кайе ва СММ ҳукми Мирсаидовро маҳкум карданд
Ду масъули ҳуқуқи башари СММ ҳукми 12 соли зиндони журналист Хайрулло Мирсаидовро маҳкум карда, аз мақомот тақозо карданд, ки ин ҳукм бозбинӣ шавад. Изҳороте, ки рӯзи 20 июл аз номи Дейвид Кайе, гузоришгари вижаи СММ дар масоили озодии баён ва Майкл Форст, гузоришгари вижа оид ба вазъи ҳомиёни ҳуқуқи инсон нашр шуд, ҳукми Мирсаидовро маҳкум мекунад. Дар изҳороти онҳо гуфта мешавад, ки “Маҳкумияти Мирсаидов баёнгари он аст, ки бар ивази мубориза бо фасод, мақомот дар Тоҷикистон гузоришҳо дар бораи коррупсияро пахш мекунанд”. Дар изҳорот гуфта мешавад, ки СММ ба қабои ҷиноӣ додан ба ҳуқуқи бунёдии мардум мухолифат мекунад.
Бо қарори додгоҳи шаҳри Хуҷанд рӯзи 11 июл журналист ва раҳбари гурӯҳи КВН барои нақзи се моддаи Кодекси ҷиноӣ ба 12 соли зиндони низомаш сангин маҳкум мешавад. Хайрулло Мирсаидов аз рӯи иттиҳоми "азонихудкунӣ ва исрофкории маблағҳои давлатӣ", "сохтакории ҳуҷҷатҳо" ва "пахш кардани маълумоти бардурӯғ" дар бораи Олим Зоҳидзода, собиқ раиси бахши ҷавонони ҳукумати Суғд маҳкум ба зиндон шуд.
Ин ҳукм боиси интиқодҳои байналмилалӣ шуд.
Рӯзи 19 июл мавзӯи Мирсаидов дар ҷаласаи шӯрои САҲА дар Вена ҳам матраҳ шуд ва сафири Австрия аз номи Иттиҳодияи Аврупо гуфт, ки Мирсаидов метавонад бозбинӣ шудани ҳукмро тақозо кунад ва додситонии кулл ҳам метавонад дурустии ҳукми содиршударо бисанҷад.
Ин дар ҳолест, ки рӯзи 18 июл вакилони дифои Мирсаидов ба додгоҳи кассатсионии шаҳри Хуҷанд шикоят карда талаби бозбинӣ шудани ҳукмро пеш гузоштанд. Онҳо мегӯянд, оилаи Мирсаидовҳо 124 ҳазор сомонӣ маблағеро, ки ба унвони зарари моддӣ ба давлат дар парванда ворид шудааст, пардохт карданд ва бар асоси ин мехоҳанд, ки ҳукм аз нав баррасӣ шавад. Мирсаидов ва наздиконаш мегӯянд, ки ӯ худро бегуноҳ меҳисобад, вале ба хотири бозбинӣ шудани ҳукм ин маблағро пардохт карданд.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
Матбуот: Гумонбари ҳамла ба генерали рус боздошт шудааст
Сохторҳои ҳифзи қонуни Русия як гумонбар дар ҳамла ба муовини раиси Сарраёсати ситоди кулли артиш генерал Владимир Алексеевро боздошт карданд. Дар ин бора чандин нашрияи маҳаллӣ, аз ҷумла, "Коммерсант", Baza ва "РЕН ТВ" бо такя ба манбаъҳои худ хабар додаанд.
"Коммерсант" рӯзи 7 феврал навишт, ки боздоштшударо ба бозпурсӣ бурда, 8 феврал қарор аст мурофиаи додгоҳӣ барои ҳабси ӯ барпо шавад. Парвандаи ҷиноӣ бар асоси моддаи сӯиқасд ба куштор ва муомилаи ғайриқонунии силоҳ боз шудааст.
Телеграм-каналҳои Mash ва Baza мегӯянд, ки гумонбарро “аз шаҳри Дубай” меоранд. Ҳамроҳ бо ӯ як шарикаш ҳам боздошт шудааст. Ҳеҷ маълумоте дар бораи шахсияти гумонбар ва фармоишгарони эҳтимолии ӯ нашр намешавад.
Худи генерал, ба навиштаи телеграм-каналҳои хабарӣ, баъди ҳамлаи дирӯза аз амалиёти ҷарроҳӣ гузашта ба ҳуш омадааст. Сӯиқасд ба ҷони Алексеев сабҳи ҷумъа дар хонааш дар шаҳри Маскав сурат гирифт.
Дар хабар омадааст, ки ба сӯи генерал шахси ношиносе дар даромадгоҳи манзили истиқоматие дар минтақаи шимолу ғарби Маскав тир холӣ кардааст. Пойгоҳи Baza бо такя ба шоҳидон навишт, ки ҳамла субҳи 6 феврал дар зинапояи даромадгоҳи манзили истиқоматӣ ва лаҳзаҳое сурат гирифт, ки генерал аз дохили манзилаш берун мешуд.
Нашрияи “Коммерсант” бо такя ба манбаъҳояш дар сохторҳои ҳифзи қонун навишт, ки ҳамла ба генерал тахминан соати 7-и субҳи ҷумъа, дар лаҳзаҳое рух дод, ки генерал мехост аз хонааш берун шуда ба кор биравад. Дар саҳни назди дари хонааш Алексеев бо шахси ношиносе рӯбарӯ шуд, ки худро чун ғизорасон вонамуд карда ба дохили даромадгоҳи бино ворид шудааст. Замоне, ки генерал хост силоҳро аз дасти ӯ бигирад, ҳамлагар оташ кушода дасту пои генералро захмӣ кард. Ӯро бо ҷароҳатҳои сангин ба беморхона интиқол доданд ва ба иттилои нашрия, як тир ба узви муҳими бадани генерал расидааст.
Дмитрий Песков, сухангӯи Кремлин гуфт, ки президент Владимир Путин дар бораи ин ҳодиса гузоришҳоро саривақт дарёфт мекунад.
Дар солҳои охир дар натиҷаи ҳамлаҳои гуногун чандин раҳбари артиши Русия кушта шуданд, вале дар гузаштаҳо алайҳи ин мақомдорони ҳарбӣ асосан мавори таркандаро ба кор бурдаанд.
Дар Бритониё Алексеевро дар иштирок дар сӯиқасд ба ҷони Сергей Скрипал дар Солсбери гунаҳгор мекунанд. Инчунин ӯро яке аз раҳбарони ширкати нимаҳарбии «Вагнер» меноманд ва дар вақти ошӯби Евгений Пригожин дар моҳи июни соли 2023 ӯ ба унвонии ҷангиёни «Вагнер» муроҷиати видеоӣ сабт карда худаш ҳам шахсан бо Пригожин сӯҳбат кардааст.
Раҳбари бевоситаи Алексеев Игор Костюков дар музокираҳои миёни ИМА ва Украина ҳайати Русияро раҳбарӣ мекунад. Охирин даври ин музокираҳо дар шаҳри Абузаби барпо шуд.
Ҳаҷвнигор Нурлан Сабуровро барои 50 сол аз ҳақи вуруд ба Русия маҳрум карданд
Мақомоти интизомӣ дар Русия ҳаҷвнигори қазоқ Нурлан Сабуровро ба мӯҳлати 50 сол аз ҳақи ворид шудан ба Русия маҳрум карданд. Дар ин бора РБК бо такя ба манбааш дар сохторҳои қудратӣ хабар додааст.
Дар хабар омадааст, ки манъи вуруд ба ҳаҷвнигори телевизионӣ аз рӯзи 30 январ имзо шудааст. РИА Новости навишт, чунин қарор “бо назардошти манфиатҳои амнияти миллии кишвар, риояи қонун ва ҳимояти арзишҳои миллию ахлоқӣ” содир шудааст.
Як манбаи ин хабаргузорӣ гуфт, далели чунин қарор дар танқиди Сабуров аз ҷанги Русия дар Украина ва ҳам вайрон кардани қонунгузории муҳоҷират ва андоз дар Русия мебошад.
Айни замон, "Важные истории" бо такя ба як шиноси Сабуров навишт, ки дар асл сабаби чунин амали мақомот ин буд, ки ҳаҷвнигори маъруфро чандин бор ба идораи ФСБ – Хадамоти амнияти федеролии Русия даъват карда аз ӯ хостанд бо онҳо ҳамкорӣ кунад, вале ӯ “на розигӣ дод ва на рад кард”.
Бо ҳамин сабаб ҳам ба ӯ се дафъа аризаи ҳақи зиндагии муваққатӣ дар Русияро рад кардаанд. Бори охир соли 2025 ӯро ба ФСБ даъват ва шарт гузоштанд, ки ба ҷанги зидди Украина меравад ваё Русияро тарк мекунад.
Shot навишт, ки Сабурови 34-сола, ки шаҳрванди Қазоқистон аст, шаби 6 феврал бо ҳавопаймои ширкати Fly Dubai ба Маскав расид, вале ӯро ҳангоми аз санҷиши шиносномаӣ гузаштанаш ба як хонаи алоҳида бурда, ба дасташ санади манъи ворид шудан ба Русияро супурданд.
Mash шоми 6 феврал навишт, ки Сабуров дар фурудгоҳи Внуково дар миёни нафароне мебошад, ки мунтазири ихроҷ аз Русия ҳастанд.
Як сол пеш ӯро дар фурудгоҳи Шереметево барои вайрон кардани қонуни муҳоҷират ҷаримабандӣ карданд. Моҳи ноябр фаъолони як гурӯҳи рӯ ба ҳукумат бо номи "Сорок сороков" аз болои Сабуров ба Кумитаи тафтишоти Русия барои шӯхиаш дар ҳақи Исои Масеҳ шикоят карданд.
Раҳимзода аз истирдоди садҳо шаҳрванди Тоҷикистон аз хориҷа хабар дод
Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон гуфт, дар давоми солҳои охир сохторҳои ҳифзи қонуни кишвар 2500 шаҳрвандеро, ки “дар хориҷи кишвар ба таҳсили ғайриқонунии динӣ машғул буда, дар муноқишаҳои мусаллаҳонаи мамлакатҳои бегона иштирок доштанд, баргардониданд”.
Вазир Рамазон Раҳимзода дар ин бора зимни сафараш ба ноҳияи Ёвон ва мулоқот бо фаъолони маҳаллӣ сӯҳбат кардааст. Сомонаи ВКД Тоҷикистон рӯзи 6 феврал хабар дод, ки дар суханрониаш дар Кохи фарҳанги ба номи Тағоймурод Хушвахтови ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон Раҳимзода инчунин дар бораи таҳдидҳои мисли ҷалби ҷавонон ба ақидаҳои ифротӣ ва ҳам узвият дар созмонҳои мамнӯъ изҳори нигаронӣ кардааст.
Ҷузъиёти бештаре дар бораи омори аз хориҷа баргардонидашудаҳо нашр намешавад, вале матбуоти мустақил борҳо дар бораи таъқибу истирдоди на танҳо муттаҳамон дар содир кардани ҷиноятҳои воқеӣ, балки мухолифон ва мунаққидони ҳукумати Тоҷикистон аз хориҷа ҳам хабар додааст.
Чунин бозгардонҳои баҳсбарангез солҳои охир аз кишварҳои мисли Туркия, Олмон, Австрия, Фаронса ва Полша ҳам сурат мегирад ва дар миёни онҳо нафароне ҳастанд, ки барои саркӯби озодиҳои сиёсиву фишор ба ҷомеаи маданӣ ҳукумати Тоҷикистонро ошкор танқид кардаанд.
Ифтитоҳи Бозиҳои зимистонаи олимпӣ дар Итолиё
Маросими ифтитоҳи Бозиҳои XXV зимистонаи олимпӣ шаби 6-ум ба 7-уми феврал дар варзишгоҳи “Сан-Сиро”-и шаҳри Милани Итолиё баргузор шуд. Маросим бо намоише оғоз ёфт, ки дар он 70 рақсандаи театри Ла Скала муҷассамаҳоро тасвир карданд. Баъдан овозхони маъруф Лаура Паузини суруди миллии Итолиёро иҷро намуд.
Аз рӯи анъана, паради варзишгарон бо баромади дастаи мунтахаби Юнон оғоз ёфт. Парад дар шаҳрҳое барпо шуд, ки он ҷо мизбони мусобиқаҳои олимпӣ мешаванд.
Парад бо баромади дастаи мунтахаби Итолиё ба анҷом расид. Парчами миллиро шорт-трекчӣ Арианна Фонтана ва лижарон Федерико Пеллегрино бардоштанд.
Пас аз баромади ҳамаи кишварҳои ширкаткунанда, бахши "Саёҳати замон"-и намоиш шуруъ шуд. Ситораи сериали “Нилуфари сафед” Сабрина Импаччиаторе ба саҳна баромада, намоиши ҷолиберо нишон дод, ки якчанд давраҳоро фаро гирифт.
Баъдтар, Ҷованни Магало, раиси Кумитаи тадорукоти Бозиҳо дар Итолиё ва Кирсти Ковентри, президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ, суханронӣ карданд.
Дарҳол пас аз эълони кушода шудани Бозиҳои олимпӣ овозхони маъруфи итолиёӣ Андреа Бочелли дар саҳна ҳозир шуд. Ҳунарпеша Шарлиз Терон низ ба саҳна баромада, орзу кард, ки бозиҳо на танҳо варзиш бошанд, инчунин вай ба «сулҳ дар тамоми ҷаҳон» даъват кард.
Дар баробари ҳунарнамоии ҳунарпешаҳо варзишгарони Итолиё эстафетаи машъали олимпиро дар варзишгоҳи Милан давом доданд. Парчами олимпӣ таҳти гимни олимпӣ бардошта шуд, ки онро пианинонавоз Лан Лан ва сароянда Чечилия Бартоли иҷро карданд.
Оташи олимпиро дар ду ҷом: дар Милан лижаронхои кӯҳӣ Алберто Томба ва Дебора Компанйони ва дар Кортина София Гогги фурӯзон намуданд. Маросим бо оташбозии дурахшон ба охир расид.
Дар Бозиҳои XXV зимистонаи олимпӣ, ки дар шаҳрҳои Милан ва Кортина-д’Ампетсои Итолиё то рӯзи 22-юми феврал идома меёбанд, иштироки наздики 3000 варзишгар аз 91 кишвар дар назар аст.
Итолиё бори чаҳорум дар таърихт бозиҳои Олимпӣ мизбони чунин мусобиқоти бузург гардидааст. Варзишгарон барои 116 маҷмуи медалҳо дар 16 намуд: биатлон, бобслей, лижаронии кӯҳӣ, кёрлинг, конкитозӣ, дуҳарбаи лижаронӣ, пойгаи лижаронӣ, ҷаҳиш аз трамплин, чанатозӣ, скелетон, сноуборд, рақси рӯйи ях, фристайл, ҳоккей, шорт-трек ва лижаронӣ-кӯҳнавардӣ рақобат хоҳанд кард.
Бояд гуфт, ки варзишгарони Бенин, Гвинея-Бисау ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ бори аввал дар Бозиҳои олимпии зимистона ширкат меварзанд.
Аммо Тоҷикистон дар Олимпиадаи зимистона дар Итолиё ширкат надорад. Чаҳор варзишгари тоҷик, ки дар мусобиқаҳои интихобӣ дар намуди лижаронии кӯҳӣ барои ба даст овардани роҳхатҳо ба Бозиҳои зимистонаи соли 2026 талош карданд, натавонистанд меъёрҳои олимпиро иҷро намоянд. Бинобар ин, лижаронҳои тоҷик аз роҳхатҳои олимпӣ бенасиб монданд.
Зулфиқор Гулаҳмадзода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон дар як нишасти матбуотӣ, ки 5-уми феврал дар шаҳри Душанбе доир гардид, сабаби роҳ наёфтани варзишгарони тоҷикро ба Бозиҳои олимпии зимистонаи соли 2026 чунин шарҳ дод: “Тоҷикистон шароити зарурӣ барои тамрини варзишгарон дар намудҳои зимистонаи варзиш надорад. Мо як пойгоҳ ва як мактаби зимистонаи варзишӣ дорем. Хатти лижаронии мо ба талаботи байналмилалӣ ҷавобгӯ нест. Ҳарчанд ба варзишгарони намудҳои зимистона идрорпулӣ ҷудо шугардид ва дар хориҷа ба тамрин фаро гирифта шуданд, вале имтиёзҳои заруриро барои гирифтани иҷозатнома ба даст оварда натавонистанд.”
Коршиносони соҳаи варзиш сабабҳои инро ба мавҷуд набудани заминаи доимии омодагӣ, тақвими маҳдуди мусобиқаҳо оид ба навъҳои варзиши зимистона дар дохили кишвар нисбат медиҳанд.
Бояд зикр намуд, ки бори охир варзишгарони тоҷик соли 2014 дар Бозиҳои зимистонаи олимпӣ дар шаҳри Сочии Русия ширкат варзида буданд. Олимпиадаҳои зимистонаи соли 2018 дар Пйонгчанги Кореяи Ҷанубӣ ва соли 2022 дар Пекини Чин бе иштироки намояндагони Тоҷикистон гузаштанд.
Алъон дар Тоҷикистон танҳо як намуд - лижаронии кӯҳӣ – роҳандозӣ шудааст, ки ба барномаи Бозиҳои зимистонаи олимпӣ шомил аст. База ё урдугоҳи лижаронӣ, ки дар мавзеи Сафеддараи ноҳияи Варзоб воқеъ аст, ба талаботи меъёрҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ нест. Бинобар ин, дар онҷо мусобиқоти байналмилалӣ гузаронида намешавад.
Сӯиқасд ба ҷони як генерали рус дар Маскав. Ӯ дар бемористон аст
Дар шаҳри Маскав ба генерал-лейтенант Владимир Алексеев, муовини аввали раиси Сарраёсати Ситоди кулли нирӯҳои мусаллаҳи Русия, ки чун муассисаи истихбороти ҳарбӣ ё ГРУ ҳам маъруф аст, сӯиқасд сурат гирифт.
Дар ин бора Кумитаи тафтишот хабар дод. Дар хабар гуфта мешавад, ки генерал маҷрӯҳ ва бистарӣ шудааст.
Дар хабар омадааст, ки ба сӯи генерал шахси ношиносе дар даромадгоҳи манзили истиқоматие дар минтақаи шимолу ғарби Маскав тир холӣ кардааст. Пойгоҳи Baza бо такя ба шоҳидон навишт, ки ҳамла субҳи 6 феврал дар зинапояи даромадгоҳи манзили истиқоматӣ ва лаҳзаҳое сурат гирифт, ки генерал аз дохили манзилаш берун мешуд.
Нашрияи “Коммерсант” бо такя ба манбаъҳояш дар сохторҳои ҳифзи қонун навишт, ки ҳамла ба генерал тахминан соати 7-и субҳи ҷумъа, дар лаҳзаҳое рух дод, ки генерал мехост аз хонааш берун шуда ба кор биравад. Дар саҳни назди дари хонааш Алексеев бо шахси ношиносе рӯбарӯ шуд, ки худро чун ғизорасон вонамуд карда ба дохили даромадгоҳи бино ворид шудааст. Замоне, ки генерал хост силоҳро аз дасти ӯ бигирад, ҳамлагар оташ кушода дасту пои генералро захмӣ кард. Ӯро бо ҷароҳатҳои сангин ба беморхона интиқол доданд ва ба иттилои нашрия, як тир ба узви муҳими бадани генерал расидааст.
Дмитрий Песков, сухангӯи Кремлин гуфт, ки президент Владимир Путин дар бораи ин ҳодиса гузоришҳоро саривақт дарёфт мекунад.
Дар солҳои охир дар натиҷаи ҳамлаҳои гуногун чандин раҳбари артиши Русия кушта шуданд, вале дар гузаштаҳо алайҳи ин мақомдорони ҳарбӣ асосан мавори таркандаро ба кор бурдаанд.
Дар Бритониё Алексеевро дар иштирок дар сӯиқасд ба ҷони Сергей Скрипал дар Солсбери гунаҳгор мекунанд. Инчунин ӯро яке аз раҳбарони ширкати нимаҳарбии «Вагнер» меноманд ва дар вақти ошӯби Евгений Пригожин дар моҳи июни соли 2023 ӯ ба унвонии ҷангиёни «Вагнер» муроҷиати видеоӣ сабт карда худаш ҳам шахсан бо Пригожин сӯҳбат кардааст.
Раҳбари бевоситаи Алексеев Игор Костюков дар музокираҳои миёни ИМА ва Украина ҳайати Русияро раҳбарӣ мекунад. Охирин даври ин музокираҳо дар шаҳри Абузаби барпо шуд.
Тоҷикистон пайвастан ба созмонҳои БРИКС ва Авруосиёро “ҳатто дар сатҳи нозир баррасӣ намекунад”
Масъалаи пайвастан ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ва БРИКС ҳоло дар дастури кори сиёсати хориҷии Тоҷикистон қарор надорад ва баррасӣ намешавад.
Чунин изҳоротро Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 6-уми феврал дар ҳузури хабарнигорон баён кард.
Сироҷиддин Муҳриддин, ки дар нишасти хабарие оид ба натиҷаҳои кори ВКХ дар соли 2025 гузориш медод, гуфт, “Тоҷикистон бо ҳама кишварҳои узви иттиҳоди Авруосиё ва БРИКС дар доираи равобити дуҷониба ва бисёрҷониба ҳамкории танготанг дорад” ва ҳоло ҳатто пайвастан “ба сифати нозир низ ба ин созмонҳо” баррасӣ намешавад.
Тоҷикистон аз замони таъсиси иттиҳоди иқтисодии Авруосиё борҳо гуфтааст, ки масъалаи вуруд ба ин созмонро меомӯзад. Соли гузашта вазири собиқи иқтисоди Тоҷикистон гуфта буд, ки дар Тоҷикистон як гуруҳи кории вазорату идораҳо таъсис шудааст, ки суду зиёни пайвастан ба ин созмонро меомӯзад ва ба ҳукумат пешниҳод мекунад.
БРИКС ва Авруосиё ду созмони байналмилалие дониста мешаванд, ки зери назорати Русия таъсис шудаанд. Тоҷикистон ҳарчанд узвият дар БРИКС-ро надорад, аммо Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар чандин анҷуману нишастҳо дар доираи ин созмон ширкат кардааст ва ҳамчунин варзишгарони тоҷик соли 2024 дар Бозиҳои панҷуми варзишии кишварҳои БРИКС (BRICS Sports Games 2024) ширкат карданд.
Тоҷикистон ба Ғазза кӯмак мефиристад
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 6 феврал зимни нишасти хабарӣ гуфт, ки кишвараш рӯзҳои наздик корвони ёриҳои башардӯстонаро ба мардуми ниёзманди Ғазза равон мекунад.
Ба гуфтаи Сироҷиддин Муҳриддин, ин ёриҳо аз тариқи Ҷумҳурии Мисри Араб ба Ғазза расонида мешаванд.
Вазири тоҷик ҳарчанд нагуфт, ки ин ёриҳо аз чӣ иборатанд, аммо зикр кард, ки Тоҷикистон аз нахустин рӯзҳои оғози низоъ дар Ғазза, ҷонибдори ҳалли сулҳомези ин низоъ буд ва ҳаст.
Тоҷикистон дар моҳи январи соли 2025 ҳам дар доираи ташаббуси башардӯстонаи чанд кишвари узви Созмони исломии амнияти озуқаворӣ барои бартарафсозии мушкилоти шадиди норасоии ғизо дар Ғаззаи ҷангзада, 200 тонна орд фиристода буд.
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон он замон гуфт, ин иқдом аз сӯйи кишварҳои узви Созмони исломии амнияти озуқаворӣ дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти хайриявии Урдун амалӣ карда шуда, ба он Қазоқистон, Озарбойҷон ва Бангладеш низ ҳамроҳанд.
Ин кӯмакҳо дар ҳамоҳангӣ бо Барномаи ҷаҳонии озуқа ва дигар ниҳодҳои Созмони Милали Муттаҳид, ба ниёзмандон расонида шуданд.
Созмони исломии амнияти озуқаворӣ дар оғози соли 2024 барои мубориза бо хатари гуруснагӣ дар навори Ғазза бо интишори як даъвати изтирорӣ барномаи "Орд барои башарият"-ро роҳандозӣ карда буд.
Ҷанг миёни фаластиниҳо ва Исроил рӯзи 7 октябри соли 2023 бо ҳамлаи гурӯҳи "Ҳамос" ба Исроил оғоз шуд. Тибқи оморҳои Исроил, ҳар ин ҳамла "Ҳамос" 1200 нафарро кушт ва ҳудуди 251 тани дигарро ба гарав бурд.
Бар асоси эълони мақомоти маҳаллии фаластинӣ, аз он замон то кунун беш аз 70 ҳазор нафар, ки аксарашон ғайринизомӣ ҳастанд, дар ҳамлаҳои Исроил ба навори Ғазза кушта шуданд.
Шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ дар пайи барфбории зиёд баста шуд
Бориши бошиддати барф ва фаромадани тарма ҳаракати нақлиётро махсусан дар роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ мушкилу хатарнок кардааст.
Оҷонсии обуҳавошиносӣ ҳушдор додааст, ки дар пайи боришоти зиёд дар рӯзҳои 6-9 уми феврал дар роҳҳои самти шимоли кишвар хатари лағзиши тарма зиёд хоҳад буд.
Ҳушдор дода шудааст, ки мусофирон ба хусус ҳангоми сафар ба минтақаҳои Майхура, Зиддеҳи Варзоб ва ноҳияҳои кӯҳӣ эҳтиёткор бошанд.
Дар ҳамин ҳол, ширкати IRS, ки масъули нигоҳубини ягона роҳи пулакӣ дар кишвар аст, субҳи имрӯз хабар дод, ки дар километри 78-81-и роҳи Душанбе-Чаноқ, дар ҳудуди ноҳияи Айнӣ 7 тарфа фаромадааст.
Ҳоло бартарафсозии тармаҳо идома дорад ва масъулини ширкат аз ронандаҳо хостаанд, то эълони навбатӣ дар бораи боз шудани роҳ, аз сафар дар ин масир худдорӣ кунанд.
Ягона масир аз пойтахт ба шимоли Тоҷикистон, ки аз роҳҳои кӯҳӣ убур мекунад, маъмулан дар пайи бориши зиёди барф муваққатан баста мешавад.
Дар зиндонҳои Тоҷикистон 471 зан адои ҷазо мекунад
Дар Тоҷикистон 471 зан дар маҳбас қарор доранд ва ҳамроҳ бо онҳо 11 кӯдаки ноболиғашон низ дар зиндон нигаҳдорӣ мешаванд.
Масъулини Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон чанд моҳ пеш ба дидори занони маҳбус дар зиндони Норак рафтанд ва мегӯянд, иҷрои хостаҳои ин занон, аз тавони Кумита ва салоҳияти онҳо берун аст.
Бунафша Файзиддинзода, раиси ин ниҳод рӯзи 5 феврал дар ҳузури хабарнигорон гуфт, онҳо тирамоҳи соли 2025 ба хабаргирии занони маҳбус дар зиндони занон воқеъ дар шаҳри Норак рафтаанд ва занҳо аз шароити маҳбас ва муносибат бо онҳо шикояте надоранд.
Вай афзуд, аз ҷониби занони зиндонӣ ба ин ниҳод муроҷиату суолҳо буданд, аммо ҳалли онҳо ба салоҳияти Кумита дохил намешавад.
Дар соли 2025 занону духтарон 1571 ҷиноят содир кардаанд.
Онҳо бештар ба ҷиноятҳои қаллобӣ, дуздӣ, монеъ шудан ба таҳсили фарзандон, авбошиву дидаву дониста сироят кардан, ва қасдан расонидани зарар ба саломатӣ, аз озодӣ маҳрум шудаанд.
Тоҷикистон мехоҳад бо Чин низоми бераводид ҷорӣ кунад
Мақомоти Тоҷикистон масъалаи бекор кардани раводид ё визаро барои шаҳрвандони Чин баррасӣ доранд.
Ҷамшед Ҷумъахонзода, раиси Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон, рӯзи 5-уми феврал ба хабарнигорон гуфт, ин иқдом бо ҳадафи ҷалби бештари сайёҳон рӯи даст гирифта шудааст.
Ба таъкиди мақомдори тоҷик, ҷорӣ шудани низоми бидуни раводид бо Чин метавонад ба рушди чанд бахши муҳими дигар ҳам дар кишвар мусоидат кунад.
Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ осон кардани қоидаҳои равуоро яке аз роҳҳои асосии ҷалби хориҷиён ба кишвар хонд.
Чин яке аз бозорҳои калидӣ барои бахши сайёҳии Тоҷикистон будааст.
Мақомоти тоҷик гуфтанд, ҳоло ҳамчунин шаҳрвандони кишварҳои арабӣ, Англия, Олмон, Фаронса, Русия, ва Кореяи ҷанубӣ барои тамошову саёҳат ба Тоҷикистон майли бештар доранд.
Бино ба омори расмӣ, соли 2025 беш аз 1 миллиону 700 ҳазор сайёҳ аз Тоҷикистон дидан кардааст.
Аз ин пеш Тоҷикистон бо Эрон низоми равуои бидуни раводидро ба роҳ монд.
Тибқи ин муқаррарот, шаҳрвандони Тоҷикистон ва Эрон метавонанд бидуни раводид то 30 рӯз тавассути ҳавопаймо ба кишварҳои ҳамдигар сафар ва иқомат кунанд.
Бозиҳои зимистона ин бор ҳам бе варзишгарони тоҷик мегузарад
Бозиҳои зимистонаи олимпӣ ин дафъа ҳам бе ширкати варзишгарони тоҷик мегузарад. Онҳо бори охир дар чунин мусобиқаи муҳим бори охир соли 2014 ва дар Русия ҳузур доштанд. Мақомот сабабҳои роҳхат нагирифтани лижаронҳоро аз Тоҷикистон номбар карданд.
Зулфиқор Гулаҳмадзода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, рӯзи 5-уми феврал гуфт: “Барои ҳамаи мову шумо аён аст: инфарасохтор, имконият, база. Мо якто бошгоҳи зимистона дорем ва як мактаби варзишӣ. Вале тибқи талаботи байнулмилалӣ ҷавобгӯ нестанд."
Дар Тоҷикистон танҳо як намуд - лижаронии кӯҳӣ – ба роҳ монда шудааст, ки ба барномаи Бозиҳои зимистонаи олимпӣ шомил аст.
Чаҳор варзишгари тоҷик дар мусобиқаҳои интихобӣ дар лижаронии кӯҳӣ барои ба даст овардани роҳхатҳо ба Олимпиадаи зимистонаи соли 2026 талош карда, вале натавонистаанд меъёрҳои олимпиро иҷро кунанд.
Гулаҳмадзода гуфт: "Аз ҳисоби тоҷикон дар Русия ва ҷойҳои дигар се варзишгар ёфтем, ҳамкорӣ кардем, вале натиҷаҳояшон ба дараҷаи гирифтани холҳои даркорӣ нарасид. Хеле умед доштем, вале... дар ин ҷабҳа моро мебояд, ки кор кунем."
Дар ҳоле ки мақомот аз камбуди пойгоҳу инфрасохтор мегӯянд, баъзе аз коршиносони варзишӣ пешниҳодҳои худро доранд.
"Масалан, барои футбол аз кишварҳои дигар мутахассис даъват мекунанд, барои он ки таҷрибаву малакаашон бештар аст. Нигоҳашон дигар. Дар Аврупо кор мекунанд. Барои ба натиҷа расидан хеле душвор аст, лекин барои ақаллан як меъёрро иҷро кардан, 1 ё 2 нафарро сафарбар кардан даркор. Бо мутахассисон, мураббиён шартномаи корӣ банданд, машқ кунанд," – гуфт коршиноси соҳа Маҳмуд Абдуллоев.
Дар дувоздаҳ соли охир бори сеюм аст, ки варзишгарони тоҷик аз ширкат дар Бозиҳои зимистона маҳрум мемонанд.
Олимпиадаи зимистонаи соли 2018 дар Кореяи Ҷанубӣ ва соли 2022 дар Чин низ бе ширкати намояндагони Тоҷикистон гузашта буд.
Ба Тоҷикистон барои нерӯгоҳи "Роғун" $100 миллион медиҳанд
Ба Тоҷикистон барои идомаи сохтмони нерӯгоҳи "Роғун" 100 миллион доллар ҷудо мешавад. Дар ин бора рӯзи 4-уми феврал дар шаҳри Дубай миёни Вазорати молияи Тоҷикистон ва Фонди Абузабӣ оид ба рушд созишнома ба имзо расидааст.
Бар асоси ин санад, 100 миллион доллар барои сохтмони "Роғун" пешбинӣ шудааст. Вазорати молияи Тоҷикистон бо нашри хабар гуфтааст, "ҳадафи асосии он пешбурди корҳои сохтмонӣ ва инфрасохторӣ дар Лоти 2-и Нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" мебошад".
Ҷузъиёти созишнома ошкор нашудааст. Маълум нест, ки Бунёди Абузабӣ оид ба Рушд кай ва бо кадом шартҳо барои нерӯгоҳи "Роғун" 100 миллион доллар медиҳад.
Мақомоти Тоҷикистон талош доранд, ки барои бунёди нерӯгоҳи "Роғун" аз ниҳодҳои молии байнулмилалӣ сармоя ҷалб кунанд.
Соли 2024 Бонки ҷаҳонӣ барои "Роғун" 350 миллион доллар грант ё маблағи бебозгашт ҷудо кард.
Ба иттилои Вазорати молия, Тоҷикистон барои идомаи сохтмони нерӯгоҳи "Роғун" ҳамчунин аз Бонки осиёии сармоягузорӣ ва инфрасохторӣ 270 миллион доллар қарз гирифтааст.
Нерӯгоҳи "Роғун" бояд то соли соли 2032 мавриди баҳбардории комил қарор гирад ва Тоҷикистонро бо нерӯи барқи кофӣ таъмин кунад, ки ҳоло мардумаш ҳамасола аз камбуди нерӯи барқ азоб мекашанд.
Марги мармузи як сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов дар боздоштгоҳ
Як сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов дар боздоштгоҳи Идораи пулиси ноҳия ба ҳалокат расидааст.
Фирдавс Кожевникови 20-сола 9-уми январи имсол бо гумони "такроран дуздӣ кардан" дастгир шуда, рӯзи 16-уми январ ба таври мармуз ҷон бохтааст. Хабар тоза дастраси Радиои Озодӣ шуд.
Ба гуфтаи як манбаи Радиои Озодӣ, "Кожевников бо ҳадафи гурез аз ҷавобгарии ҷиноӣ бо банди сарпӯши либосаш худро ба дор овехтааст".
Мақомот ҳодисаро расман шарҳ надодаанд ва назари пайвандони Фирдавс дар бораи қазия маълум нест.
Тибқи меъёр, бо чунин либос нигаҳ доштани гумонбарон ба ҷиноят дар тавқифгоҳ манъ аст ва ба гуфтаи манбаи Радиои Озодӣ нигаҳбонон низ "барои хунукназарӣ дар иҷрои вазифаи хидматиашон айбдор дониста мешаванд".
Марги гумонбарон дар боздоштгоҳҳои Тоҷикистон ҳодисаи нав нест. Ҳукумати Тоҷикистон ба сабаби бадрафторӣ ва шиканҷаи гумонбарон дар боздоштгоҳҳо бисёр вақт танқид шунидааст.
Аз ҷумла, Созмони Милал дар гузашта гуфтааст, дар Тоҷикистон маъмурони интизомӣ барои ҳосил кардани эътирофи гуноҳ, боздоштшудагонро шиканҷа мекунанд ва додгоҳҳо низ ин эътирофҳои беасосро ба инобат мегиранд, ки мухолиф ба қонунҳои худи кишвар ва аҳдномаҳои байнулмилалист.
Писари Муаммар Қаззофӣ дар ғарби Либия кушта шудааст
Сайф-ул-Ислом, писари Муаммар Қаззофӣ, раҳбари пешини Либия, дар наздикии шаҳри Зинтон, дар ғарби ин кишвар кушта шудааст. Вай 53 сол дошт.
Додситонии Либия рӯзи 4-уми феврал гуфтааст, куштори Сайф-ул-Исломро тафтиш мекунад ва талош барои ёфтани гумонзадҳо идома дорад.
Дар изҳороти Додситонии Либия гуфта шудааст, ки писари Қаззофӣ аз зарби тир ҷон дод.
Вакили мудофеи Сайф-ул-Ислом ба хабаргузории "Франс-Пресс" гуфтааст, эҳтимол ӯро "гурӯҳи чорнафарии номаълум" куштааст, ки "рӯзи сешанбе ба хонааш дар Зинтон ҳамла карда буд".
Муаммар Қаззофӣ, раҳбари пешини Либия, соли 2011 ва баъд аз сарнагунии ҳукуматаш, дар ҳоле ки фирорӣ шуда буд, ба дасти нерӯҳои инқилоб кушта шуд.
Пас аз он, писараш Сайф-ул-Исломро бо иттиҳоми ҷиноят алайҳи шаҳрвандон дастгир ва ба қатл маҳкум карданд. Соли 2017 хабар расид, ки Қазоффии хурдӣ озод шудааст.
Вай дар соли 2021 номзадии худро барои президентӣ дар Либия эълон кард, аммо интихобот ба таъхир уфтод.
Ҳалокати 21 кас дар зарбаҳои нави Исроил ба Ғазза
Бар асари зарбаҳои Исроил ба Ғазза камаш 21 кас кушта ва бештар аз сӣ нафар захмӣ шудааст.
Хабаргузории dpa-и Олмон навишт, ки ҳодиса рӯзи 4-уми феврал иттифоқ уфтод.
Ба гузориши ниҳодҳои зери назорати Амрико ва Иттиҳоди Аврупо созмони фаластинии "Ҳамос"-ро террористӣ медонанд дар Ғазза, дар миёни кушташудаҳо кӯдакон низ ҳастанд.
Артиши Исроил мегӯяд, пас аз он ки фаластиниҳо ба сӯйи сарбозони исроилӣ тир заданд, дар шимоли Ғазза чанд ҳамла анҷом дод. Дар ин ҳодиса як сарбози исроилӣ сахт захмӣ шудааст.
Санҷидани дурустии иддаои ду тараф ба таври мустақил имконпазир нест.
Аз моҳи октябри соли 2025 миёни Исроил ва гурӯҳи фаластинии "Ҳамос", ки Амрикову Аврупо созмони террористӣ медонанд, оташбас амал мекунад, вале ҷонибҳо ҳамвора якдигарро ба поймоли шартҳои он гунаҳкор мекунанд.