Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қазоқистон: яке аз гумонбарони куштори Денис Тен боздошт шуд


ДенисТен ҳангоми ҳунарнамоӣ дар
ДенисТен ҳангоми ҳунарнамоӣ дар

Вазорати умури дохилии Қазоқистон аз боздошти яке аз гумонбарони куштори варзишгари қазоқ Денис Тен хабар дод. “Ҷустуҷӯи гумонбари дувум идома дорад”, - омадааст дар иттилоияи вазорат, ки рӯзи 20 июл пахш шуд.

Ба гуфтаи додситони шаҳри Алмато Берик Жуйриктаев, бо гумони куштори варзишгар Нуралӣ Киёсови 24-сола, сокини вилояти Ҷамбул дастгир шудааст. “Боздоштшуда дар ҳузури вакили дифоъ гуноҳи худро ба гардан гирифт. Ҳоло ӯ дар боздоштгоҳи муваққатӣ аст”, - афзуд додситон.

Ба маълумоти додситонӣ, ду фарди ношинос мехостанд, оинаи мошини Денис Тенро рабоянд, аммо ӯ садди роҳи онҳо шуд. Дар ҳамин ҳолат афроди ношинос ба варзишгар бо корд ҳамла карданд.

Маросими видоъ бо варзишгари қазоқ субҳи 21 июл дар Қасри варзиши ба номи Балуан Шолаки шаҳр баргузор хоҳад шуд. Ҷасади ӯро дар қабристони деҳаи Дустӣ ба хок месупоранд.

Денис Тен барандаи ду медали чемпионати ҷаҳон, аз ҷумла бозиҳои олимпии шаҳри Сочии Русия аст. Ӯ 25 сол дошт.

Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ба наздикону пайвандони варзишгар ҳамдардӣ баён кард.

XS
SM
MD
LG