Пайвандҳои дастрасӣ

ВАО: Пулиси Британия омилони ҳамла ба Скрипалро ошкор кард


Пулис дар атрофи хонаи Сергей Скрипал

Пулиси Британия омилони эҳтимолии суиқасд ба ҷони ҷосуси пешини Идораи истихбороти Русия Срегей Скрипал ва духтари ӯ, Юлия Скрипалро ошкор кард. Дар ин бора хабаргузории Associated Press рӯзи панҷшанбе бо такя ба манбаи огоҳ гузориш дод.

Муфаттишон гумонбарҳоро аз тариқи дурбинҳои назоратии шаҳри Солсбери мушаххас ва онҳоро бо аломатҳои нафароне муқоиса карданд, дар остонаи ҳамла ба Британия омаданд. Дар ин замина пулис ба натиҷае расид, ки суиқасдро шаҳрвандони Русия анҷом доданд.

Моҳи апрел матбуоти Британия бо такя ба пулис навишт,ки заҳролудшавии Скрипалро афсари 54-солаи истихбороти Русия бо тахаллуси "Гордон" амалӣ кард. Пулис мегӯяд, ки ӯ кайҳо ба Русия баргаштааст. Рӯзи гузашта нашрияи The Daily Mail бо такя ба хадамоти махсуси Британия навишт, ки ҳамларо гурӯҳи иборат аз шаш нафар, бо раҳбарии як зан, ки ки корманди Истихбороти Русия аст, пиёда карданд.

Ҷосуси дугонаи Идораи истихбороти Русия Сергей Скрипал ва духтари ӯ Юлия, аввали моҳи март дар Солсбери заҳролуд шуда, аммо ҷон ба саломат бурданд. Лондон мегӯяд, дар паси ин суиқасд Кремлин қарор дорад, зеро дар ҳамла заҳри "Новичок" истифода шуд, ки дар Шӯравии собиқ истеҳсол мешуд. Маскав иттиҳомро рад мекунад.

Видеоҳои охирин

Ҳодисаи суқути чархбол аз забони кӯҳнавардони маҷруҳ
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:58 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG