Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп гуфт, Монтенегро метавонад НАТО-ро вориди ҷанг кунад.


Дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг бо президенти Монтенегро Мило Ҷуканович. Брюссел, 4 июни соли 2018

Президенти ИМА Доналд Трамп мардуми Монтенегроро "бисёр хашмгину хунгарм" номид ва гуфт, ки ин узви нави НАТО метавонад паймонро ба ҷанги калон ворид кунад.

Трамп ба шабакаи телевизионии Fox News дар Ҳелсинки сӯҳбат кард ва ин сӯҳбат рӯзи 17 июл дар ИМА пахш шуд. Дар он Трамп ба банди 5- и Оинномаи НАТО ишора кард, ки ҳамла ба як кишвари узви паймон, ҳамла ба ҳамаи аъзои НАТО унвон мешавад.

Ӯ гуфт Монтенегро як кишвари хурд аммо дорои одамони нируманд ва хашмгин аст. "Онҳо метавонанд ба хуруш биёянд ва табрик мекунам,шумо ба Ҷанги сеюми ҷаҳон ворид шудед",- гуфт Доналд Трамп.

Ӯ ҳамчунин гуфт, бар поияи банди 5-и Оиннома НАТО маҷбур аст аз Монтенегро ҳимоя кунад, зеро рисолати паймон ҳамин аст.

Монтенегро моҳи июни соли 2017, бо як гардиши таърихии геополитикӣ ва дар пасманзари мухолифатҳои Русия узви 29-уми НАТО шуд.

Видеоҳои охирин

Тоҷирони бозори "Лола": "Намегузоранд, ки як нолаи даҳонамонро ёфта хӯрем"
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:19 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG