Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Барқи тоҷик": арзиши барқ то 15 % боло бурда шавад


Ширкати “Барқи тоҷик” аз Хадамоти зиддиинҳисорӣ, дархст кардааст, ки ки нархи барқ дар Тоҷикистон то 15 фоиз боло бурда шавад. Назар Одиназода, муовини аввали раиси Хадамоти зиддиинҳисорӣ рӯзи 18 июл дар як нишасти матбуотӣ гуфт, феълан гуруҳи корӣ роҳҳои муаяйян кардани қиммати барқро меомӯзад. Ба қавли ин масъули Хадамот, "ҳарфи ниҳоиро ҳукумат мегӯяд, ва агар Ҳукумат зарур шуморад нархи барқ тағйир меёбад".

Бори охир дар Тоҷикистон қиммати нерӯи барқ 1 октябри соли гузашта ҳамчунин 15 % баланд шуда, бо қарори ҳукумат қимати як киловат/соат нерӯи барқ аз 14,65 то ба 16,85 дирам бардошта шуд.

Дар остонаи болоравии нархи барқ, соли гузашта мақомоти ширкати “Барқи тоҷик” ​гуфтанд, ки афзоиши тадриҷии нарх ҳарфи нав нест ва дар чаҳорчӯби барномаи куллии системаи энергетикии кишвар сурат мегирад. Мирзо Исмоилзода, раиси ширкати “Барқи тоҷик” ​далели боло бурдани қиммати нерӯи барқро “ба хароҷоти нигаҳдории системаи энергетикии кишвар” марбут донист, ки ба пули бештар ниёз дорад.

Аз ин қабл, Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар як барнома, ки барои се соли оянда таҳия шудааст, гуфта буд, нархи нерӯи барқ барои аҳолӣ дар се соли оянда тақрибан 2-дирамӣ боло рафта, дар соли 2020 ба беш аз 20 дирам хоҳад расид. Боло бурдани нархи нерӯи барқ яке аз тавсияҳои ҳамешагии созмонҳои байналмиллалӣ ба мисли Бонки Ҷаҳонӣ аст.

XS
SM
MD
LG