Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Китоби нави Раҳмон дар бораи ташаббусҳои Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ


Китобҳои Эмомалӣ Раҳмон
Китобҳои Эмомалӣ Раҳмон

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар бораи сиёсати хориҷӣ ва ибтикороти кишвар дар арсаи байналмилалӣ китоби наве навиштааст.

Китоби дорои 366 саҳифа бо забони тоҷикӣ дар нашриёти «Контраст» дар Душанбе ба чоп расидааст. Хабаргузории «Азия Плюс» навиштааст, дар китоб матни суханрониҳои раиси ҷумҳур дар порлумон, дигар нутқҳои расмӣ ва мусоҳибаҳои раиси ҷумҳур ҷамъ оварда шудааст.

Дар китоб умдатан доир ба самтҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар 20 соли ахир ва ташаббусҳои кишвар дар арсаи байналмилал ва аз ҷумла дар бораи тағйири иқлим, роҳҳои ҳалли муноқиша дар Афғонистон, мубориза бо терроризми байналмилалӣ ва қочоқи маводи мухаддир сухан меравад.

Китоб зери унвони "Эмомалӣ Раҳмон дар бораи масъалаҳои мубрам ва ибтикороти сиёсатии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» чоп шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон то кунун зиёда аз 20 китоб дар бораи таърихи тоҷикон ва сиёсати Тоҷикистон нашр кардааст.

XS
SM
MD
LG