Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон: парвандаи "қурбонии арӯсрабоӣ" то охир тафтиш мешавад


Қурбонии арусрабоӣ дар Қирғизистон
Қурбонии арусрабоӣ дар Қирғизистон

Сарвазири Қирғизистон Муҳаммадқулӣ Абилғозиев рӯзи 16 июл ба вазири умури дохилии ин кишвар дастур дод, ки бо шикояти Турдаалӣ Кожоналиев, падари Бурулай Турдаалӣ, духтаре, ки дар шуъбаи пулис кушта шуд, расидагӣ кунад.

Ба маълумоти шуъбаи робита бо ҷомеа ва расонаҳои дастгоҳи ҳукумати Қирғизистон, вазир бояд натиҷаи ташхиси тиббии судиро ҳамаҷониба баррасӣ кунад.

Сарвазири Қирғизистон гуфт, парвандаи куштори Бурулай Турдаалии 19-сола, ки зери назорати шахсии ӯст, то охир тафтиш шуда, дастандаркорон, аз ҷумла марди 30-солаи гумонбар бар асоси қонунҳо ҳукми одилона хоҳанд гирифт.

27 май дар шуъбаи пулиси ноҳияи Жайили Қирғизистон Бурулай Турдиалӣ аз захми корд ҷон бохт. Духтарро марде корд зад, ки ба хотири издивоҷ ӯро дуздида буд. Мард баъдан худро низ захмӣ кард . Ин ҳодиса дар ҷомеаи Қирғизистон баҳсҳои тундеро ба бор оварда, президент Сооронбой Ҷеенбеков ба тафтиши мушикофонаи он дастур дод.

Вазорати умури дохилии Қирғизистон дар натиҷаи санҷиши ҳодиса эълом кард, ки 23 кормандаро муҷозот ва 13 нафарро аз мақом барканор кард.. Гумонбари куштори Турдаалӣ Марс Бодошо, ки дар беморхона буд, бо қарори додгоҳ 12 июн ду моҳ ҳабс ва аз беморхона ба боздоштгоҳи муваққатӣ интиқол ёфт.

Волидони Бурулай Турдаалӣ талаб доранд, ки ҷасади духтари онҳо аз қабр берун оварда шавад, зеро онҳо ба хулосаи ташхиси тиббии судӣ бовар надоранд. Ба гуфтаи ӯ, ташхисгарон дар хулосаи худ нагуфтанд, ки дар бадани духтари онҳо бо корд чизе навишта шудааст.

XS
SM
MD
LG