Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамлаи уқоб ба як кӯдак дар ҷашнвораи Иссиқкӯл


Дар ҷараёни ҷашнвораи "Тескей жээк" (Соҳили ҷанубӣ), ки дар ноҳияи Тонски виояти Иссиқкӯли Қирғизистон идома дорад, уқобе рӯзи 15 июл ба як хонанда ҳамла кард.

Духтарча ҳангоми намоише бо иштироки уқоб давида ба майдон баромад, ва уқоб ба пушти ӯ чангол зад.

Духтараки 8-соларо бо захми чанголи уқоб ба бемористон интиқол доданд ва ӯ баъди гирифтани ёрии таъҷилӣ аз бемористон мураххас шуд. Дар ин бора коргардон Эрнест Абдуҷапаров, ки духтаракро ба беморхона бурда буд, хабар дод.

"Инҷо касеро набояд гунаҳкор донист. Ҳангоми намоиш духтарча нохост ба майдон давида баромад. Ҳамлаи уқоб низ он қадар сахт набуд", - изҳор дошт ӯ.

Барномаи намоишгоҳи мазкур бозиҳои гуногун, аз бузкашӣ то намоиши ҳунарҳои дастиву шеваҳои миллии шикорро дар бармегирад.

Видеоҳои охирин

Хонуме ширкати таксиро бо истифодаи аксаш дар реклама муттаҳам мекунад
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:26 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG