Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарбозони рус "ҷиҳодиён"-ро дар Тоҷикистон "нобуд карданд"


Акс аз бойгонӣ

Сарбозони Русия дар як размоиши васеъмиқёс шеваҳои маҳви “ҷиҳодиён” дар марзи Тоҷикистонро тамрин кардаанд. Дафтари матбуоти артиши Русия рӯзи 14-уми июл хабар дод, ки дар ир тамринҳо, ки рӯзи 9-уми июл шурӯъ шуд ва 14-уми июл ба поён расид, бештар 3 ҳазору 200 нафар ширкат доштанд ва дар ин машқҳо 800 аслиҳаву техникаи низомӣ аз ҷумла чархболу тӯпхона ба кор бурданд.

Дар баёнияи расмӣ дар ин бора омадааст, ки нерӯҳои Русия “гурӯҳи мутаҳҳарики ҷиҳодиёнро ошкор карданд ва сипас ба онҳо бо чархболу тӯпхонаҳои Град ва Ураган ҳамла бурданд”.

Аъзои боқимондаро нерӯҳои заминӣ бо мошинҳои зиреҳпӯш аз байн бурданд ва “баъдан назорати марзро ба ихтиёри нерӯҳои Тоҷикистон доданд.” Дар Тоҷикистон пойгоҳи 201-уми Русия, бузургтарин пойгоҳи низомии кишвар дар хориҷ ҷойгир аст. Тамринҳои низомии сарбозони рус дар замоне сурат мегиранд, ки ҷангҷӯёни Толиб дар баъзе аз манотиқи шимолии Афғонистон ва ҳаммарз бо Тоҷикистон фаъол шудаанд.

Гузоришҳои видеоӣ

Тарбуз арзон шуд. Сокинон розӣ, деҳқонон - норозӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:45 0:00
XS
SM
MD
LG