Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қонуни асосии Кубаро тағйир медиҳанд


Бандари Гавана, пойтахти Куба
Бандари Гавана, пойтахти Куба

Ҳукумати коммунистии Куба мегӯяд, ислоҳот ба Қонуни асосии кишвар, ки дар раъйпурсии умумӣ гузошта мешавад, аз ҷумла доштани моликияти хусусиро пешбинӣ мекунад. Ҷузъиёти ислоҳоту тағйирот дар Конститутсияро рӯзи 14-уми июл Шӯрои миллии Куба ошкор кард.

Ҳоло бар асоси қонун дар Куба касе ҳаққи доштани корхонаеро надорад. Дар инҷо мисли замони шӯравӣ колхозу совхозҳо ва корхонаҳои давлатӣ вуҷуд доранд.

Соли 2010 дар Куба садҳо ҳазор нафар соҳиби ресторану ороишгоҳҳои хусусӣ шуданд. Ҳадаф аз тағйироти Қонуни асосӣ, ислоҳоти иқтисодӣ ва такон додани иқтисод дар Куба будааст, ки онро раиси ҷумҳури собиқ Раул Кастро пеш гирифт.

Баъди ислоҳи Қонуни асосӣ дар Куба дар баробари раиси ҷумҳур мақоми нахуствазир ҳам пайдо мешавад.

XS
SM
MD
LG