Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шурӯъ аз 16 июл: вазорати идораҳо ба нишастҳои матбуотӣ ҳозир мешаванд


Рӯзи 16 июл нишасти матбуотии вазорати адлияи Тоҷикистон ҳам барпо мешавад
Рӯзи 16 июл нишасти матбуотии вазорати адлияи Тоҷикистон ҳам барпо мешавад

Аз рӯзи 16 июл дар Тоҷикистон нишастҳои матбуотии сохторҳои давлатии Тоҷикистон шурӯъ мешаванд, ки дар ҷараёни он вазорату идораҳо дар баробари хабарнигорон аз фаъолияти нимсолаи худ гузориш медиҳанд. Рӯзи душанбе барои гузориш додан дар баробари матбуот нахуст мақомоти вазоратҳои энергетика ва захираҳои об, адлия, кишоварзӣ ва Хадамоти алоқа ҳозир мешаванд.

Нишастҳои матбуотии сохторҳои давлатӣ дар саросари кишвар аз 16 июл то 3 август идома меёбанд.

Нақшаи ташкили нишастҳои матбуотиро Раёсати илму маърифати Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон тасдиқ кардааст, ки матни он рӯзи 13 июл дастраси Радиои Озодӣ шуд.

Баргузории нишастҳои матбуотӣ бар асоси як амри президент аз сентябри соли 2011 ҷараён мегирад ва ба қавли намояндагони матбуот, ин нишастҳо, ки соле ду бор барпо мешаванд, гоҳо ягона манбаи дарёфти иттилои расмӣ ё посухи мақомот ба саволҳои журналистон шудаанд. Созмонҳои журналистӣ солҳои охир аз мушкилтар шудани дарёфти иттилои расмӣ дар сохтору идораҳои давлатии Тоҷикистон шикоят мекунанд.

Як мояи дигари нигаронии матбуот ин аст, ки дар нишастҳои матбуотии сохторҳои давлатӣ гоҳо раҳбарони аршад ва рақами аввал иштирок намекунанд ва мутасаддиёни мулоқот бо журналистон танҳо бо қироати гузоришҳои аз пеш омодашуда дар бораи фаъолияти нимсолаашон қаноат мекунанду халос.

XS
SM
MD
LG