Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Соҳибкорони Чин ба саноати Қирғизистон $150 млн сармоягузорӣ мекунанд


Парчамҳои милии Қирғизистон ва Чин
Парчамҳои милии Қирғизистон ва Чин

Анҷумани истеҳсолгарони масолеҳи сохтмонии вилояти Гуандуни Чин ба парки байналмилалии саноатии Қирғизистон алоқамандӣ нишон дод ва соҳибкорони чинӣ гуфтанд, ки онҳо омодаанд ба ин пойгоҳ 150 миллион доллар сармоягузорӣ кунанд.

Кумитаи саноат ва энергетикаи Қирғизистон ва анҷумани Гуандун Фан Лан ибтидои моҳи июл дар ин робита ёддошти ҳамкорӣ имзо кард.

Қарор аст, дар Қирғизистон майдони истеҳсоли масолеҳи бинокорӣ, мебел, техникаҳои электронӣ ва маишӣ бунёд карда шавад.

Муовини раиси Кумитаи саноати Қирғизистон Олимбек Орозбеков 12 июл гуфт, ҷузъиёти парки саноатӣ баъд аз мулоқот бо сармоягузорони чинӣ эълом хоҳад шуд. Ба гуфтаи ӯ, дар ҳоли ҳозир, Қирғизистон ба бузургтарин тарҳҳое ниёз дорад, ки ба рушди саноат равона шудаанд.

Парки саноатӣ минтақае аст, ки дар он чанд ширкати хусусӣ аз як ё кишварҳои гуногун фаъолияти худро ба роҳ мемонанд. Ин гуна парк махсус барои таъсиси ширкатҳои нав ташкил мешавад.

XS
SM
MD
LG