Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аксари амрикоиҳо Обамаро беҳтарин президенти замони худ номиданд


Барак Обама
Барак Обама

Ширкати амрикоии Pew Research Center дар пайи пурсиши афкори умум дар байни 2 ҳазор сокини ИМА, бо суоли "Дар тӯли ҳаёти шумо кадом президент корҳои хуб анҷом дод?" - исми ду раиси ҷумҳури ИМА-ро барҷаста кард.

31 дар сади пурсидашудаҳо Барак Обамаро беҳтарин президенти ИМА номиданд.13 дар сади дигар ӯро дар ҷойи дуюм қарор доданд.

Ба думболи Обама, 21 дар сади пурсидашудаҳо Роналд Рейганро президенти беҳтарин ном бурданд. 10 дар сад уро дар ҷойи дуюм гузоштанд.

Дар ин пурсиш 10 дар сад гуфтанд, ки президенти феълии Амрико Доналд Трамп дар ҳаёти онҳо беҳтарин президент аст. 9 дар сад ба ӯ ҷойи дуюмро доданд.

Маркази таҳқиқотӣ мегӯяд, ки сатҳи маъруфияти Барак Обама дар байни афроди синну соли мухталиф ба куллӣ фарқ мекунад. Дар ҳоле, ки афроди аз 22 то 37-сола ба Обама ҷойи аввалро доданд, гурӯҳи аз 73 то 90-сола Барак Обамаро, бидуни қайду шарт, беҳтарин президенти замони худ унвон карданд.

XS
SM
MD
LG