Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Назарбоев раҳбарии якумрии Шӯрои амнияти Қазоқистон шуд


Нурсултон Назарбоев
Нурсултон Назарбоев

Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, ки дар тӯли 30 соли ахир раҳбарӣ ин кишвар аст, аз имкони раҳбарии якумрӣ ба Шӯрои амният бархурдор шуд. Ин ҳақро ба ӯ қонуни наве дод, ки салоҳиятҳои раҳбари Шӯрои амнияти Қазоқистонро боло бурд.

Қонуни нав моҳи гузашта дар порлумон қабул шуд ва баъдан Додгоҳи конститусионӣ аз он пуштибонӣ кард. Худи Назарбоев ба ин санад рӯзи 5 май - як рӯз пеш аз 78-солагиаш, имзо гузошт, ки ба таҷлили Рӯзи Остона мувофиқ шудааст.

Таъғирот ба қонуни Қазоқистон рӯзи 12 июл, баъди нашр шуданаш дар матбуот, ҳукми иҷро гирифт. Бар пояи ин санад, Назарбоев бинобар "рисолати таърихӣ"-аш аз имтиёзи нав бархурдор шуд.

Бисёр нозирон мегӯянд, ки Назарбоев бо ин роҳ мехоҳад мақоми раҳбариро баъди рафтанаш аз вазифаи раиси ҷумҳур низ ҳифз кунад. Соли гузашта ӯ барномаи таслими салоҳиятҳояш ба ҳукумату порлумонро эълон кард ва унвони "Довари олӣ"- ро ба худ гирифт.

Назаобоев аз соли 1998, замоне, ки Қазоқистон ҳанӯз узви Иттиҳоди Шӯравӣ буд, раҳбари Қазоқистон аст. Моҳи апрели соли 2015 ӯ барои бори панҷум президенти ин кишвар интихоб шуд. Мақомоти интихоботӣ гуфтанд, ки 97,75 дар сади райъдиҳандагон ба ӯ овоз доданд.

XS
SM
MD
LG