Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Би-би-си: кормандони пулиси Русия фасодкорҳои асосӣ номбар шуданд


Аз 1 январи соли 2018 бахши умдаи онҳое, ки барои фасодкорӣ аз кор ронда шуданд, кормандони пулиси Русия ва Хадамоти федеролии иҷрои қарорҳои додгоҳ буданд. Дар ин бора Би-би-си бо такя ба феҳрасти ихроҷшудаҳое гузориш додааст, ки дар заминаи аз боварӣ баромадан, кори худро аз даст доданд.

Ба ин рӯйхат дар маҷмӯъ 2017 корманди давлатӣ шомил аст. Баландтарин мақоми феҳраст ноиби додситони вилояти Нижегородск Дмитрий Жидлов аст, ки барои иштибоҳ дар эъломияи дороиҳояш аз вазифа ронда шуд. Ба гуфтаи Би-би-си аксари барканориҳо ба эъломияи дороӣ ва таззоди манфиатҳо рабт мегирад.

Дар ин феҳраст ягон нафар аз Ҳавзаи федеролии Қафқози Шимолӣ, Кумитаи тафтишот, Хадамоти амният ва додситонӣ вуҷуд надорад.

Мақомҳои баландпояи вазоратҳо ва кумитаҳои давлатӣ низ дар рӯйхат нестанд. Барои намуна исми Алексей Улукаев, вазири пешини рушди иқтисод, Александр Хорошавин, волии собиқи вилояти Сахалин ва дигар раҳбарон шомил нестенад. Би-би-си мегӯяд зоҳиран мақомдорони номбурда пеш аз таҳияи ин рӯйхат барканор шуданд.

XS
SM
MD
LG