Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

НАТО: "Амалкардҳои хашини Русия амниятро барҳам мезанад"


Йенс Столтенберг ҳангоми суханронӣ дар ҷаласаи НАТО. 11 июли соли 2018
Йенс Столтенберг ҳангоми суханронӣ дар ҷаласаи НАТО. 11 июли соли 2018

Амалкардҳои хашини Русия амнияту субот ва низоми байналмилалиро барҳам мезанад ва НАТО-ро ба "чолиш" мекашад.

Ин нукта дар эъломияи муштараки 29 роҳбари кишварҳои узви Паймони Атлантикаи шимолӣ зикр шудааст. Эъломия рӯзи чоршанбе дар саммити НАТО дар Брюссел қабул шуд.

Дар санад гуфта шудааст, ки баъди ишғоли Қрим аз ҷониби Русия ва амалкардҳои ин кишвар дар Шарқи Украина, ҷойгирсозии навтарин аслиҳаи Русия дар сарҳади кишварҳои узви НАТО ва дахолати ин кишвар дар интихоботҳои кишварҳои дигар, вазъи минтақа пешгӯинашаванда ва бесубот шудааст. Дар ин санад ҳамчунин зикр шудааст, ки НАТО бо хулосаҳои Бритониё дар мавриди заҳролудсозӣ дар Солсберӣ ҳамфикр аст. Бритониё гуфт, Русия дар заҳролудсозии Солсберӣ даст дорад.

Дар эъломия аз Русия даъват шудааст, ки низомиёнашро аз ҳудуди Гурҷистон, Молдова ва Украина берун оварда, пуштибонӣ аз ҷудоихоҳонро қатъ кунад ва шартномаи Минскро ба пуррагӣ иҷро намояд. Дар ҳамин ҳол, кишварҳои НАТО гуфтанд, агар Русия омодаи тағйир додани амалкардҳояш аст, дар ин сурат ҳозиранд, ки бо Русия вориди гуфтугӯ шаванд ва муносибатҳоро беҳбуд бахшанд.

XS
SM
MD
LG