Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хорватия ба финали Ҷоми ҷаҳон-2018 роҳ ёфт


Дар финали Ҷоми Ҷаҳонии футбол, ки 15 июл дар шаҳри Москваи Русия барпо мешавад, мунтахабҳои Фаронсаву Хорватия рақобат мекунанд. Рӯзи чаҳоршанбе дар Москва хорватҳо дар дақиқаҳои иловашуда мунтахаби Бритониёро бо ҳисоби 2:1 шикаст доданд. Фаронса пештар аз ин Белжикро бо ҳисоби 1:0 шикаст дода буд.

Ҳисоби бозиро дар дақиқаи 5-ум нимҳимоятгари мунтахаби Бритониё Киран Триппер кушод. Дар дақиқаи 68-ум нимҳимоятгари мунтахаби Хорватия Иван Перишич ҳисобро баробар кард. Туби ҳалкунандаро дар дақиқаи 109-ум ҳамлагари хорват Марио Манҷукич зад. Хорватия бори аввал дар таърих ба финали Ҷоми Ҷаҳонии футбол роҳ ёфт.

Видеоҳои охирин

Сафири Иттиҳоди Аврупо аз Тоҷикистон меравад - Гуфтугӯ бо Бишчевич
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:06:13 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG