Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА то соли 2019 кишвари аслии истеҳсолкунандаи нафт мешавад


Макони истихроҷи нафт дар Калифорния
Макони истихроҷи нафт дар Калифорния

Ийолоти Муттаҳидаи Амрико то соли 2019 ба кишвари аслии истеҳсолкунандаи нафти ҷаҳон табдил мешавад. Ин маълумотро Идораи федеролии ИМА дар умури иттилооти энергетикӣ ироа кард.

Биноба ин пешгӯӣ, истеҳсоли нафт то охири соли оянда дар рӯз ба 12 миллион бушка нафт мерасад ва Амрико аз рӯи ҳаҷми истеҳсол аз Русия пеш мегузарад. Соли гузашта истеҳсоли нафт 5,6 афзоиш ёфт ва бинобар рушди тавлиди нафти шейл интизор меравад, ки истеҳсоли нафт дар соли равон 15,4 дар сад бештар шавад.

Ҳамзамон коршиносони амрикоӣ афзоиши начандон бузурги талабот дар дохили худи Амрикоро пешгӯӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG