Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пулиси Москва муҳоҷирони қирғизро аз боздошт раҳо кард


Рейди боздошти муҳоҷирон дар Русия

Пулиси Маскав 30 муҳоҷири қирғизро аз гурӯҳи 42-нафарӣ, ки ахиран боздошт шуданд, озод кард. Ба маълумоти сафорати Қирғизистон дар Русия, шаҳрвандони ин кишвар барои санҷиши ҳуҷҷатҳояшон ба шуъбаи пулис интиқол ёфтаанд.

Санҷиши шаҳрвандони дигари Қирғизистон идома дорад. Сафорат мегӯяд, кормандонаш то поёни санҷиш дар шуъбаи пулис мемонанд.

Ҳомии ҳуқуқи рус Валентина Чупик рӯзи 10 июл хабар дод, ки пулиси пойтахти Русия дар ноҳияи Таган ҳудуди 70 муҳоҷири қирғизро бидуни шарҳ боздошт кард. Ба гуфтаи ӯ, муҳоҷирон дар як шароити бад нигаҳдорӣ шуда, бо тарҷумон таъмин нестанд ва иҷозати тамос бо консули кишвари худро низ надоранд.

Сафорати Қирғизистон гуфт, ин боздоштҳо ба сангинтар шудани қонунгузории муҳоҷирати Русия рабт надоранд.

Дар Русия аз 22 июн қоидаи нави сабти шаҳрвандони хориҷӣ ба иҷро даромад. Минбаъд муҳоҷирон бояд худро танҳо дар маҳалли зисташон дар қайд гузоранд. Пештар корфармо ҳақ дошт, ки онҳоро дар нишонии ширкати худ номнавис кунад.

Ҳомиёни ҳуқуқ нигаронанд, ки дар пайи қабули қонуни нав ба бештари қирғизистониҳо ихроҷ таҳдид мекунад, чун соҳибони хонаҳо дар манзили худ хориҷиҳоро сабтином намекунанд.

XS
SM
MD
LG