Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷереми Ҳант вазири хориҷии Британия таъин шуд


Ҷереми Ҳант (аз рост) ва Борис Ҷонсон
Ҷереми Ҳант (аз рост) ва Борис Ҷонсон

Вазири пешини беҳдошти Британия Ҷереми Ҳант ба вазифаи вазири умури хориҷӣ таъин шуд. Ӯ дар ин мақом Борис Ҷонсонро иваз кард, ки рӯзи гузашта дар заминаи ихтилофи назар бо ҳукумати Тереза Мэй, бар сари "бархурди нарм" бо Брекзит - хуруҷи Британия аз Иттиҳоди Аврупо, истеъфо дод. Бар хилофи Ҷонсон, вазири нав аз мухолифони Брекзит номбар мешавад.

Таъини ин сиёсатмадори муҳофизакор ба мақоми вазири хориҷиро нахуствазири Британия Тереза Мэй шоми 9 июл эълон кард.

Рӯзи 9 июл ҳукумати Британия созиши дастаҷамъонаи пешбурди музокироти Брекзит бо Иттиҳоди Аврупоро баррасӣ кард. Мэй дар хулосаи нишаст гуфт, ки Британия аз таъсиси минтақаҳои озоди тиҷоратӣ бо Иттиҳоди Аврупо пуштибонӣ мекунад. Ҷонсон мухолифи ин пешниҳод аст ва мегӯяд Британия шанси Брексит ва бартариҳои худро ҳамчун иқтисоди боз ва глобалӣ бояд ба таври ҳадди аксар истифода кунад. "Ин орзӯ дар пасманзари шаку тардиди мо нафасгир мешавад ва дар худи мо мемирад"- навиштааст Борс Ҷонсон дар номае ба нахуствазир.

Мэй қарори худро дар бораи таъини Ҳант ба мақоми вазири хориҷӣ шарҳ надод. Ҷереми Ҳант соли 2010 ба ҳукумат ворид шуд ва масъули назорат бар Бозиҳои Олимпӣ буд. Соли 2012 то ҳол вазифаи вазири беҳдоштро иҷро мекард. Ӯ борҳо барои ғайри қаноатбахш будани сохтори тандурустии Британия танқид шудааст.

XS
SM
MD
LG