Шогирдони мактабҳои Тоҷикистон аз Олимпиадаи байналмилалӣ оид ба математика дар шаҳри Бургаси Булғористон бо 16 нишон, аз ҷумла, 2 медали тилло баргаштанд. Дар сабқати байналмилалӣ, ки рӯзҳои 1-6 июл дар Булғористон ҷараён гирифт, шогирдони литсеи «Ҳотам ПВ» - Дориюш Хайриддинов ва Ворис Раҳмонов барандаи нишонҳои тиллои олимпиада шуданд. Сабқати математикӣ дар байни 30 кишвар ва бо ширкати 612 хонандаи мактаб баргузор шуд. Дар олимпиадаи ахир инчунин шогирдони Литсеи президентӣ, Мактаби байналмилалии президентӣ, гимназияи рақами 1-и Душанбе ва дигар мактабҳо иштирок карданд. Математикҳои наврас инчунин барандаи 6 медали нуқра ва 8 биринҷӣ шуданд.