Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қазоқистон таъсиси пойгоҳи ИМА дар баҳри Хазарро рад кард


Киштии низоми Қазоқистон дар баҳри Каспий
Киштии низоми Қазоқистон дар баҳри Каспий

Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон таъсиси пойгоҳи низомии Ийолоти Муттаҳидаи Амрико дар баҳри Хазар ё Каспиро, ки гӯё бо иҷозаи Остона сурат гирифтааст, рад кард.

Шоми 9 июл дар як барномаи телевизионии Русия коршиносон ва мақомоти расмии он кишвар гуфтанд, ки ИМА дар баҳри Хазар пойгоҳ месозад.

Порлумони Қазоқистон 19 апрел тағйирот ба шартномаи ИМА дар бораи ҳамлу нақлро қабул кард.

"Дар бораи таъсиси пойгоҳи низомӣ дар Хазар ҳеч ҳарфе нест. Ҳамлу нақл танҳо ба борҳои низомӣ дахл дорад, на танҳо Қазоқистон, балки кишварҳои дигар ҳам ба ИМА интиқоли борҳои низомиро иҷозат доданд", - омадааст дар баёнияи вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон.

XS
SM
MD
LG