Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бишкек: чархболи суқуткарда бори сайёҳонро мебурд


Чархболи низомии Қирғизистон
Чархболи низомии Қирғизистон

Ситоди кулли Нерӯҳои мусаллаҳи Қирғизистон ҷузъиёти суқути чархболи низомии Ми-8МТВ, дар пиряхи Энилчеки Ҷанубии вилояти Иссиқкӯлро шарҳ дод.

Чархболи низомӣ бо дархости ширкати сайёҳӣ ба куҳ маҳсулоти ғизоӣ ва дору мебурд.

"Ҳукумат анҷоми чунин корҳои авиатсиониро иҷозат додааст. Ширкатҳо ба мо муроҷиат мекунанд, ки одамон ба кумак эҳтиёҷ доранд. Мо ғизо ва дору интиқол медиҳем", - гуфтанд дар ситод.

Бино бар иттилои пешакӣ, шамоли сахт боиси суқути чархбол шудааст. Дар натиҷаи ин садама чаҳор нафар ҷароҳат бардошт. Дар дохили чархбол 15 сарнишин ҳузур дошт.

XS
SM
MD
LG