Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ВАО: Русия таҳри изҳороти муштараки Путин ва Трампро ба ИМА супурд


Русия таҳри изҳороти муштараки Путин ва Трампро, ки қарор аст рӯзи 16 июл дар поёни мулоқоти президенти Амрико ва Русия дар Ҳелсинки қабул шавад, ба ИМА ироа кард. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" рӯзи 9 июл бо такя ба манбаҳое дар сохторҳои давлатии ИМА гузориш дод.

Дар ин санадаи дусаҳифагӣ зарурати муколамаи байни нафарони аввали ду кишвар, дипломатҳо, низомиҳо, хадамоти махсус, рушди равобити иқтисодӣ ва робитаҳои башардӯстона таъкид шудааст. Тарҳи мазкур ҳамкории байни ИМА ва Русияро аз омилҳои муҳими суботи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ унвон кардааст.

Манбаи "Коммерсант" дар Вашинтон мегӯяд, ки ҷониби Амрико омодааст ин санадро қабул кунад, аммо пофишорӣ дорад, ки дар он нигаронии Кохи сафед дар робита ба "дахолати Русия ба умури интихоботи ИМА" зикр шавад ва ҳамчунин кафолат дода шавад, ки "чунин маврид дар оянда такрор намеёбад".

Ниҳодҳои масъули тарҳрезии мулоқоти Путин ва Трамп дар Русия натавонистанд дурустии хабари "Коммерсант"-ро тасдиқ кунанд.

XS
SM
MD
LG