Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркия 18 ҳазор хидматчии давлатиро барканор кард ва 4 расонаро баст


Тазоҳуроти ҷонибдорони президент Эрдуғон

Дар Туркия ба гумони робита бо созмонҳои террористӣ ва ташкилотҳое, ки ба "амнияти миллии ин кишвар хатар доранд", 18 ҳазору 632 хидматчии давлатӣ аз мақом барканор ва 4 расона баста мешаванд.

Дар ин бора қарори расмии марбут ба вазъи изтирорӣ нашр шуд, вале дар он гуфта нашудааст, ки ин афрод бо кадом созмонҳо робита доштанд ва кадом расонаҳо баста мешаванд,

Дар миёни хидматчиёни давлатии мазкур 8 ҳазору 998 корманди пулис, 3 ҳазору 77 низомӣ, 1 ҳазору 949 корманди авиатсия, 1 ҳазору 126 корманди нирӯҳои дарёӣ, 1 ҳазору 52 корманди Вазорати адлия ва 199 академик ҳаст.

Дар ин байн148 тани пештар рондашуда ба маҳалли кори худ дар вазорату идораҳои гуногуни Туркия баргаштаанд.

Бар пояи қарор, рӯзҳои наздик се рӯзнома ва як телевизион низ баста мешаванд. Мақомоти Туркия мегӯянд, ин "охирин поккорӣ"-и пеш аз қатъи вазъи изтирорӣ аст.

Дар ҷараёни вазъи изтирории Туркия ҷамъан на камтар аз 110 ҳазор нафар аз мақомҳои худ барканор шуданд.

Гуфта мешавад, ки мақомоти Туркия тасмим доранд, вазъи изтирориро, ки аз моҳи июли соли 2016 ҷорӣ шуд, рӯзи душанбеи 9 июл бекор кунанд. Вазъи фавқулодда баъд аз кӯшиши табаддулоти ноком тобистони соли 2016 бори нахуст барои 6 моҳ эълон шуд вале баъдан ба муҳлати номуайян тамдид шуд.

Видеоҳои охирин

Ахбори Озодӣ аз 22-уми октябри соли 2018
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:15:00 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG