Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Комиссари низомии ноҳияи Қубодиёнро боздошт карданд


Акс аз бойгонист.
Акс аз бойгонист.

Мақомоти мубориза бо ришвахорӣ дар Тоҷикистон мегӯянд, як афсари баландпояро бо иттиҳоми ситонидани ришва аз як ҷавони синни хидмати низомӣ боздошт кардаанд.

Дафтари матбуоти Оҷонси мубориза бо коррупсия рӯзи 7-уми июл бо нашри як баёнияи расмӣ гуфт, ки “Фаррух Икромов, комиссари Комиссариати ҳарбии ноҳияи Қубодиён бо истифодаи мақоми хизматӣ аз Мақсад Шарипов, ки бемори қалб аст, хостааст, дар ивази билети ҳарбии фарди ғайриқобили хидмат дар артиш ба ӯ 3 ҳазор сомонӣ бидиҳад.”

Ба гуфтаи оҷонсӣ, Фаррух Каримов ҳангоми гирифтани ин маблағ, ки миёнараве ба ӯ оварда буд, дар дохили бинои комиссариати низомӣ дар Қубодиён дастгир шуд.

Афсари тоҷик акнун ба ришвахорӣ муттаҳам мешавад, ки барои ин ҷиноят дар Тоҷикистон ҷаримаҳои бузург ва ё панҷ соли зиндон ҷазо муқаррар шудааст.

XS
SM
MD
LG