Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди мақомҳои баландпояи Олмон аз Доналд Трамп


Доналд Трамп ва Ангела Меркел
Доналд Трамп ва Ангела Меркел

Мақомоти баландпояи Олмон барои як изҳороташ дар бораи харҷҳои НАТО аз Доналд Трамп – раиси ҷумҳури Амрико – шадидан интиқод карданд.

Танқиди мақомҳои Олмон дар остонаи нишасти НАТО садо дод. Ин нишаст ҳафтаи оянда баргузор хоҳад шуд. Дар ҷаарёни он, қарор аст, раиси ҷумҳури Амрико тааҳҳуд кунад, ки болои Олмону кишварҳои дигари аврупоӣ фишорҳои зиёд меорад, то аҳдоферо, ки барои харҷи дифоии НАТО таъйин кардааст, бароварда созанд.

Мақомҳои аршади Олмон интиқодоти ошкори худро рӯзи 6-уми июл дар мусоҳиба бо расонаҳои ин кишвар баён карданд. Як рӯз пеш аз он Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико дар таҷаммӯи тарафдоронаш гуфт, ин соддагии амрикоиҳоро нишон медиҳад, ки бахши бузурги масорифи дифоии НАТО-ро мепардозанд.

Ӯ дар суханронии худ дар аёлати Монтана ба таври мустақим садри аъзами Олмон Ангела Меркелро мухотаби худ қарор дод. Президент Трамп гуфт, садри аъзами Олмон барои харидории газу нафт бо Русия созиш баставу миллиардҳо доллар медиҳад, дар ҳоле ки аз Иёлати Муттаҳидаи Амрико мехоҳад, аз ҳамлаҳои низомии Маскав ҳифзаш кунад.

Қонунгузорону мақомҳои аршади Олмон дар ҷавоб Трампро шадидан интиқод карданд. Ҳатто бархеи онҳо пойбандӣ ё вафодории Доналд Трампро ба НАТО зери суол гузоштанд.

XS
SM
MD
LG