Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатли ҳашт узви ДИИШ. Поёни ҳамлаи маргбор дар Эрон


Мақомоти Эрон ҳашт нафарро бо ҷурми ҳамла ба бинои порлумон ва оромгоҳи Оятуллоҳ Хумайнӣ эъдом ё қатл кардааст. Дар ин бора рӯзи 7-уми июл расонаҳои Эрон хабар доданд. Аммо замони қатли онҳо маълум нест.

Дар иттилоияи додгоҳ низ ба вақти иҷрои ин ҳукм ишорае нашудааст. Додгоҳи Эрон гуфт, "ин ҳашт нафар ҳамкори онҳое ҳастанд, ки ҳамлаҳои маргбори соли гузаштаро анҷом дода ва онҳоро аз лиҳози молӣ ва силоҳ дастгирӣ карда буданд".

Ҳамла ба бинои порлумон ва мазори Хумайнӣ моҳи июни соли гузашта сурат гирифт ва ҳаждаҳ кушта бар ҷо гузошт. Гуруҳи тундрави “Давлати исломӣ” масъулияти ҳамларо бар дӯш гирифт.

Мақомоти Эрон ҳам гуфтанд, панҷ ҷангӯ ва маргталабе, ки дар ҷараёни муҳориба кушта шуданд, қаблан дар ҳайати гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ" дар Ироқу Сурия буданд.

Ҳамлаи хунин ба бинои порлумон ва оромгоҳи Оятуллоҳ Хумайнӣ дар соли гузашта маҳкумияти ҷомеаи ҷаҳониро ба бор оварда буд.

XS
SM
MD
LG