Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шӯришиёни Сурия ба музокирот розӣ шуданд


Минтақаи зери назорати шӯришиён дар Сурия зери бомборони нерӯҳои давлатӣ дар рӯзи 5-уми июл.
Минтақаи зери назорати шӯришиён дар Сурия зери бомборони нерӯҳои давлатӣ дар рӯзи 5-уми июл.

Шӯришиён дар манотиқи муҳосирашудаи худ дар ҷанубуғарби Сурия рӯзи 5-уми июл гуфтанд, ба музокирот бо нерӯҳои Сурия барои хориҷ шудан аз ин ҷо бармегарданд.

Бомборони бошиддати мавзеи онҳо аз тарафи нерӯҳои Русияву Сурия онҳоро ба бозгашт ба музокирот водор кардааст. Музокирот бо миёнҷигарии Русия имкон дод 30 шаҳр дар ҷануби Сурия аз ҷумла манотиқи наздик ба марзи Урдӯн ва Баландиҳои Ҷулон зери назорати нерӯҳои давлатии Сурия баргарданд.

Аммо рӯзи 4-уми июл ин музокирот мутаввақиф шуд. Сурияву Русия барои ишғоли манотиқи зери назорати шӯришиён онҳоро зери бомборони шадид аз ҳавову замин қарор дод. Аз минтақа 320 ҳазор нафар гурехтанд.

Ҷанги дохилии Сурия панҷ сол боз идома дорад ва ҳадафи раиси ҷумҳур Башор Асад, ишғоли тамоми ҷанубуғарби кишвар, охирин такягоҳи шӯришиён аст.

XS
SM
MD
LG