Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аврупо таҳримҳои зидди Русияро ним соли дигар тамдид кард


Шӯрои Иттиҳоди Аврупо муҳлати таҳримҳоро зидди бахшҳои муҳими иқтисоди Русия то 31-уми январи соли 2019 дароз кард.

Дар изҳороти Иттиҳоди Аврупо омадааст, ки тасмими тамдиди таҳримҳо баъд аз шунидани баҳои президенти Фаронса Эммануэл Макрон ва садри аъзами Олмон Ангела Меркел ба рафти иҷрои созишномаи Минск дар шӯрои иттиҳод гирифта шуд.

Бино ба хабарҳо, аъзои шӯро дар ҷаласаи худ, ки рӯзҳои 28-29-уми июн баргузор шуд, тамдиди муҳлати таҳримҳоро якдилона ҷонибдорӣ карданд.

Ин таҳримҳо ба бахшҳои молӣ, энергетикӣ ва дифоии иқтисоди Русия дахл дошта, бори нахуст 31-уми январи соли 2014 дар посух ба нақши Русия дар нооромиҳои Украина барои як сол ҷорӣ гаштанд ва моҳи сентябри ҳамон сол афзоиш дода шуданд.

XS
SM
MD
LG