Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон сардори Хадамоти ҳифзи меҳнати Донишгоҳи давлатии Бохтар (собиқ Қӯрғонтеппа) ба номи Носири Хусравро бо иттиҳоми фасодкорӣ боздошт кардааст. Мақомоти оҷонсӣ мегӯянд, Раҳматулло Ҳалимов аз наздикони як довталаб ришва талаб гирифтааст.
Аз дафтари матбуоти Оҷонсии зидди фасод рӯзи 6-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфтанд, Раҳматулло Ҳалимов барои ба курси сеюм дохил намудани як нафар аз наздиконаш 1500 доллар талаб кардааст.
Манбаъ афзуд, Ҳалимов дар се навбат аз наздикони ин довталаб 10 800 сомонӣ гирифта, боз се ҳазори сомонӣ дигар талаб кардааст. Ба иттилои Оҷонсии зидди фасод, ин масъули Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳангоми гирифтани ришва дар дохили мошинаш боздошт шудааст.
Алайҳи Раҳматулло Ҳалимов бо иттиҳоми қаллобӣ ба миқдори махсусан калон, парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст. Дар ҳолати исбот шудани ҷурм ба Ҳалимов аз 73 ҳазор сомонӣ ҷарима ё то 12 соли зиндон таҳдид мекунад.