Пайвандҳои дастрасӣ

Сафари имсолаи ҳоҷиёни тоҷик 6 август шуруъ мешавад


Сафари имсолаи зоирони тоҷик барои адои маносики Ҳаҷ рӯзи 6-уми август шуруъ хоҳад шуд. Дар назар аст, имсол низ беш аз шаш ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба Маккаву Мадина бираванд.

Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи дин, ниҳоди танзимкунандаи умури Ҳаҷ гуфт, зоирони тоҷик то 15-уми август дар чанд гуруҳ ба Арабистони Саудӣ интиқол меёбанд. Ба қавли ӯ, маросими Ҳаҷ-2018 то 12-уми сентябр идома мекунад ва дар ин рӯз охирин гуруҳи зоирин ба ватан бармегарданд.

Сухангӯи Кумитаи дин афзуд, имсол низ зоирини тоҷик тариқи ҳавопаймоҳои Тоҷикистон ва Саудӣ ба Ҳаҷ мераванд.

Арзиши Ҳаҷҷи имсола 33 ҳазору 410 сомонӣ, муодили 3700 доллари амрикоӣ муайян шудааст. Ин нарх дар муқоиса ба як соли пеш тақрибан 50 доллар бештар аст.

Ҳаҷ барои ҳар мусалмон дар сурати доштани қудрат ва тавоноӣ фарз шудааст. Аммо тибқи қарори се соли пеши мақомоти тоҷик, танҳо нафарони аз 40-сола боло ҳақ доранд, ки ба Ҳаҷ бираванд.

Видеоҳои охирин

Сергей Матвеев: Мо наҷот ёфтем, вале дӯстони мо ҳалок шуданд
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:01:50 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG